Зеҳн
Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа

ҚиссаТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

пухта бошанд, оварда хокӣ мекардаанд. Гоч як ҳавз хӯрокро ба як шиштан мехӯрдааст. Муҳобот мегӯед?
Надонам, ҳамин хел навишта шудагӣ. Қиссахон аз худаш намебофад, охир. Хайр, як рӯз чӣ шудаасту чӣ мондааст, ки Гоч аз хӯроки ҳавз сер нашуда қаҳру ғазаб карда, ба одамкушӣ даромадааст. Хайрият, баъзе одамони ҳалқашон ҳалоли фарёдашон ба гӯши худо мерасидагӣ будаанд. «Эй худо, ҷони ин бандаи пурхӯратро гиру моро халос кун» — гуфта зорӣ кардаанд.
Дуо иҷобат шуда, Азроил кофта Гочро дар лаби дарбеи Аму ёфтааст. Худаш ин тарафу пояш он тарафи дарбё пинак рафта мешиштааст, ки Азроил ҷонашро боб карда гирифтааст. Ҳозир ду пои ҳамон Гоч кӯпруки дарё будаасту аз даруни як илики он одаму ароба ба он тарафи дарбё, аз даруни дигараш ба ин сӯ мегузаштаанд. Устухонҳо кӯҳна шуда аз кор пабарояд гуфта, ҳар замон равған карда меистодаанд. Гоч-ку ҳар чӣ бошад, ҳезум чида хӯрок мехӯрд, ин абӯишкам...
Ин дафъа деҳқон ҳам, ки дар давоми тамоми ин афсона чашм аз даҳони косиб наканда, ҳатто баъзе суханҳояшро зери лаб такрор карда мерафт, чунон баланд хандид, ки хари аз теппа сараш ҳам фаромадаистодаи ӯ пешпо хӯрда, афтид ва соҳибаш ба гардани ӯ лағжида фуромад. Лекин, гӯё ҳеҷ воқеае рӯй надода бошад, аз нӯҳтаи хар гирифта онро рост намуда, чуволҳоро боз ба тартиб дароварда савор шуд. Вале хандаи ӯ ҳанӯз қатъ намешуд.
Тасодуфи дигареро дар ин мавриди ҳикоя накарда гузашта наметавонам. Пас аз бисту ду соли мулоқот бо Қулматбой, гузори ман ба Қӯқанд афтода буд, ки дар ҷойхонаи лаби чӯҷе чой нӯшида истироҳат намуда, сафарро ба ҷониби Андиҷон давом додани будем. Як марди қоқинарӯю логарандом, ки яктаҳаш чун либоси тани хӯса ба ҳар сӯ овезон буд, аз мо онсӯтар чой менӯшид. Ӯ ба суханҳои мо гӯш дода, охир лаълии ба рӯяш пиёла ва чойнаку ширинӣ гузошташударо лағжонда дар ҳолати нимҳезиву гаваккашӣ ба наздамон омад. Барои мо шуда кӯпал-кӯпал тоҷикӣ ҳарф зад, салому алек кард ва ленинободӣ буданамонро муқаррар намуда, ба ман рӯй овард:
— Меҳмон, аз шумо як чизро пурсчам, малол намебиёед-мӣ? Барака ёбед. Шумо чандсола? Ин хел бошад, медонед. Дар Хуҷанди шумо Саидчӯлоқи нонвою Ашӯрбои

пешина
аз 447
навбатӣ