Зеҳн
Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа

ҚиссаТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

намуд ва Корсакови мо аз ҷумлаи он коммунистоне буд, ки Кумитаи Марказӣ ба республикаҳо мефиристод.
Ӯ ба Вахш омад ва сардори шӯъбаи сиёсӣ таъин шуд.
Водии зарнисори ҳозираи Вахш он гоҳ дашти холӣ буд.
На киштзор, на кулбае ва на дарахте. Ба он ҷо аз шимоли республика, аз Фарғона муҳоҷирон меомаданд.

— Чӣ ҷои нуҳуфтан? — гӯё ба худ савол медиҳад Корсаков.— Дар байни муҳоҷирон сартарошон, каравулон, косибони корашон бебарор ҳам кам набуданд, ки муҳоҷириро пули муфт гирифта «як ҷаҳонгардӣ карда омадан» пиндоштаанд. На пахтакориро медонистанду на заминкушонро. Чандин хонаводаҳои қирғизони чорводор ҳам, ки аз кӯҳ ба деҳаи Тешаробод фуроварда шуда буданд, дар боби пахтакорӣ аз он қаровулону сартарошон мондагӣ надоштанд. Воқеае аз ёди ман ҳаргиз намеравад. Қирғизҳо ба номи Сталин колхозе ташкил карда буданд. Онҳо илоҷе карда, чанд гектар заминро аз худ намуда, об ҳам оварданду пахта ҳам коштанд. Аммо навбати каландкунӣ, ки расид, боре як нафар қирғиз ба назди ман ҳарсозсаноп омада хабар дод:

— Ҳой политотдел! Хабарат ҳаст ё не! Колхоз кеттӣ.
— Аҷаб, колхоз ба куҷо мерафтааст?
Маълум шуд, ки шабонгаҳ ҳамаи аъзоёни колхоз юртҳояшонро ба шӯтурҳо бор карда, ба кӯҳ баромада рафтаанд. Ду рӯзи тамом онҳоро кофта наёфтем ва ин колхозро ба колхози дигар, ки бе ин ҳам, заминҳояш кам набуданд, ҳамроҳ кардем. Шароити кор хеле вазнин буд. Рӯзе дар як колхози муҳоҷирони Фарғона як каси аз гармию бесоягӣ зог барин сиёҳшуда, дар назди ман зону ба замин зада ҳунг-ҳунг гиристу аз ман пурсид:

— Политотдел, аз рӯи инсоф гӯй. Мо чӣ гуноҳ кардем, ки ба ин ҷо омадем? Ду рӯз аст, ки нон намебиёранд. Гандум дорему ба осиё барем, гӯем, каланди пахта мемонад. Намегузоранд, ки зану бачагони худро ҳам ба ин ҷо биёрем.

Албатта чунин ҳолат умумӣ набуд. Вале барои ҳама душвор буд. Тирамоҳ чун ҳосилро бардоштем, ба он мард боз рӯ ба рӯ шудам.

— Ҳӯш, аҳволат чӣ тавр? — пурсидам аз ӯ.
— Акнун аз ин ҷо пеш кунанд ҳам, намеравам,— табассум намуд ӯ.— Об омад. Сон омад. Хона андохтам.
Ҳавз кофтам. Дар атрофаш сиёҳбедҳо шинондам. Дарахтонам ба ҳосил медароянд. Замини ин ҷо зархез будааст.

пешина
аз 447
навбатӣ