Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа
— Ман солдати партия ҳастам. Ҳарчи фармояд, онро мекунам.
Бо ҳамин хеле муддат дар институт муаллими дӯстдоштаи донишҷӯён буд, то даме, ки ба нафақа баромад. Вале одаме, ки ба қавли худаш, комашро бо кор бардоштаанд, бекор нишаста метавонист? Ӯ ҳоло аъзои клуби шӯҳрати революционӣ ва меҳнат, раиси совет ва котиби ташкилоти партиявии маҳаллӣ асту чунон ки мегӯянд, кор аз мӯи сараш бисёр.
Чаҳоруми ноябри соли шасту ҳафтум чун ним асри Ҳокимияти Советӣ ҷашн гирифта мешуд, дар ҳаёти ӯ боз як субҳи рӯзи фирӯзи фаромӯшношуданӣ дамид; ӯ дар маҷлиси ботантанаи Кремль яке аз байракбардорони республикаи мо буд ва бо дигар намояндагони сарзамини тоҷик гулчамбаре ба мақбараи В. И. Ленин бурда гузошт.
Семён Петрович Корсаков, ки дар деҳаи дурдасти Альфериевский вилояти Пенза таваллуд ёфтааст, кай дар гӯшаи хотир дошт, ки ба Тоҷикистон меояд ва дар боби аз худ намудани заминҳои асрҳо боз лабташнаи водии Вахш иштирок намуда, устоди пахтакорӣ ва яке аз ташкилотчию мустаҳкамкунандагони колхоз мегардад!
Ӯ чун чор сол хизмати армияи подшоҳиро карда, соли ҳаждаҳум ба деҳаи худ баргашт, аъзои комиҷроияи волость интихоб намуданд ва раҳбарӣ ба хоҷагии қишлоқ, тақсими заминро ба камбағалони деҳот ба зиммаи ӯ гузоштанд. Вале ҳангоме ки душмани халқ сар бардоштанд, ӯ ин дафъа ба сафи Армияи Сурх рафт. Дар фронти ҷануб бо корномаҳо шуҳрат ёфта, аз фармондеҳи взвод то ба фармондеҳи батальон баромад. Дар торумор намудани гвардиячиёни сафеди Врангель, Махно, Колесников ширкат намуд. Вақте мамлакат аз мубориза бо душмани дохилӣ фориғ гардид, ӯ дар корҳои азнавсозии хоҷагӣ остин бар зада, меҳнат кард. Пас ӯро ба мактаби олии Ленинград фиристоданд. Вале кадрҳои кордон дар ҳама ҷо ҳам намерасиданд. Ӯро баъди ду соли таҳсил аввал ба як сектори комиҷроияи шаҳр ва пас инструктори комиссияи назорати инспекцияи коргару деҳқони вилоят таъин намуданд.
Партия масъалаи дар ҳама ҷо, алалхусус дар республикаҳои бародар мустаҳкам намудани колхозҳоро гузошт. Барои ин шӯъбаҳои сиёсии назди МТС-ҳоро ташкил

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор