Зеҳн
Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа

ҚиссаТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

Анҷа кор кардем. Боз корҳои бисёр ҳастанд. Баҳор наздик мешавад, дарахтшинонӣ, гулзоркунӣ.
— Ба ин синну сол шуморо кори душвори ташкилоти партиявӣ ва комитети маҳаллӣ монда намекунанд?
— Анҷа монда мекунанд. Лекин хаёли кори рӯзи оянда маро аз ҷоғаҳ барвақт мебардорад. Чунон саргарми корҳои бисёр шуда меравам, ки латашро шабона баъди ба ҷоғаҳ даромадан мефаҳмам. Коми моро бо меҳнат бардоштаанд. Бе вай наметавонем,— табассум мекунад Тоҷибоев.
Соли пургавғои ҳаждаҳум буд, ки Мурод ихтиёрӣ ба сафи фидойён омад. Онҳо дар ӯрдаи Хуҷанд меистоданд. Рӯзе вай ба он ҷо омад.
— Ҳа, ҷавон, ба кӣ кор дорӣ? — пурсид касе.
— Ба ҳамон одам, ки ба аскарӣ қабул мекунад.
— Ту ба назарам ҷудо ҳам ҷавон менамой-ку?
— Аз ман ҷавонтарҳо ҳам ба ин ҷо омадаанд.
— Аҷаб. Хӯш, ту кистӣ, чӣ кора? Чӣ тавр дар сарат ҳаваси аскарӣ пайдо шуд?
— Ман писари одами бечора. Аз ин хусус хотирҷамъ бошед. Шаҳодатнома овардам,— Мурод санадҳои худро бардовард.
Аз ҳамон вақт сар карда, Мурод қисмати худро бо муборизони мусаллаҳи Ҳокимияти Советӣ марбут намуд.
Дар Самарқанд, Хуҷанд, Ашқобод, Фарғона, дар озод намудани Бухоро ҳамкитфи муборизон буд. Ҷавони шердил ба фармондеҳҳо мақбулу писанд омаду ӯро аввал ба курси мактаби олии ҳарбии ба номи Фрунзе дар Тошканд ва чанде баъд ба сомеи Академияи сиёсии ба номи Ленин дар Ленинград ба таҳсил фиристоданд. У аз аскари қаторӣ то ба рутбаи комиссарии батальон расид.
Вақте чун пиронсол аз сафи армия ҷавоб шуд, хеле ғамгин гардид. Мехост донишу таҷрибаҳои худро ба ҷавонон гузаронад. Гуё аз ин рози дили ӯ кадоме кошифона огоҳ шуда, рӯзе ӯро ба комитети шаҳрии партия даъват намуданд.
— Шумо муддати дарозе дар сафҳои армиямон будаед ва таҷрибаи калоне доред. Муаллими институти педагогӣ карда фиристонем, чӣ мегӯед?— таклиф намуд мудири шӯъба.
Мурод Тоҷибоев қариб буд, ки гӯяд: «Ҷон-ҷон мегӯям.
Орзӯи худи ман ҳам ҳамин аст», вале хушнудии худро як навъ пинҳон намуда, ҷавоб дод:

пешина
аз 447
навбатӣ