Зеҳн
Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа

ҚиссаТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

нависандаи маъруфи чех Юлиус Фучик, устодон С. Айнӣ, А. Лоҳутӣ ва дигарон омадаанд ва бо мардуми шаҳр мулоқот намудаанд. Устод Айнӣ «Тирози ҷаҳон»
ва Лоҳутӣ достони манзумаш «Тоҷ ва байрақ» ва басе ғазалҳои дилнишини худро ба ин шаҳру одамони он бахшидаанд.

Мардуми Ленинобод чун тамоми халқи тоҷик ва дигар халоиқи мамлакати паҳноварамон тамоми комёбӣ, фирӯзмандӣ ва саодатмандии худро бо номи Ленин, бо Партияи Коммунистӣ пайваста медонанд. Зеро чунон ки М. Горький мефармояд, хиради беҳтарин, боғайратона ва фаъолона, заковати мардуми меҳнаткаш дар Партияи Коммунистӣ муҷассам гардидааст. Аз ин рӯст, ки муҳаббати мардум ба партия ба худ қарина надорад. Вай муҳаббати офтобвор фурӯзон ва гарм аст.

Ба сари таълифи котиби комитети шаҳрии партия бармегардем. Ҳоло ӯ ташкилотҳои ибтидоии партиявӣ, комитетҳои партиявии комбинати абрешим, институти педагогиро ба мадди назар меоварад, ки бештар аз чор ҳазор нафар намояндагони сию як миллати Иттифоқи Советӣ ва як нафар эрониро низ дар бар мегиранд. Ба пеши чашми ӯ коммунистони кӯҳансоли стажи партиявиашон салобатнок меомаданд. Инҳо Мурод Тоҷибоев, ки панҷоҳу ду сол боз аъзои Партияи Коммунистист, Семён Корсаков аз соли нуздаҳум узви партия, аввалин муҳаррири газетаи чопии Хуҷанд Муҳаммадҷон Ҳасанов, ки ӯ ҳам аз соли нуздаҳум ин ҷониб узви партия аст, яке аз нахустин табибони маҳаллӣ Ҳомидҷон Умаров мебошанд. Онҳо аз тоифаи он пирони доноянд, ки бо ифодаи Ҳофизи бузург ҷавонони саодатманд пандашонро бо ҷону дил мешунаванд ва аз муборизаву талоши фидокоронаи онҳо фахр мекунанд ва ба онон пайравӣ менамоянд.

Дар рӯ ба рӯям Мурод Абдураҳмонович Тоҷибоев менишинад. Марди қоматбаланд, ба пиронсолӣ нигоҳ накарда, ҷавонона бардам ва сурхинаруй. Ман бо ӯ сӯҳбат менамудаму як навъ музтарибиашро эҳсос мекардам.

— Шумо саросема ва хавотир менамоед,— гуфтам
ба ӯ.

— Он қадар ҳам не. Баъди як соат фаъолони маҳаллаи Москва ҷамъ меоянд. Мо ба пешвози садсолагии Ленин тозаю озодакунии маҳалларо муҳокима менамоем.

пешина
аз 447
навбатӣ