Зеҳн
Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа

ҚиссаТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

моҳи маи соли бисту нуҳум ба ҷамъияти аквон ариза дода, талаб карда буд, ки Бухоро ба ӯ баргардонида шавад. Ӯ лофи казофи маорифу маданиятпарварӣ зада, дар аризааш мегуфт, ки дар овони амирии худ дар зарфи ҳабдаҳ сол як мактаб сохтааст...

Дар Тоҷикистони мо дар байни ҳафт сол, яъне аз соли сию се то чил се саду бисту ҳафт мактаб сохта кушода шуда буд, ки ҳоло шумораи вай аз ду ҳазору ҳафтсад гузаштааст.

Дар хусуси шумораи мактабу мадрасаҳои Хуҷанд то алҳол маълумотҳо мухолифи якдигар буданд. Назирҷон Турсунов ин шумораро низ аниқ кард. Дар соли понздаҳум дар чил мадраса ва сӣ мактабхона, мактаби русии маҳаллӣ ва омӯзишгоҳи русӣ ҷамъулҷамъ ҳазору як саду панҷоҳу се нафар таҳсил менамуданд. Албатта аксари толибони илм аз тоифаи ишкамаш обод буд. Ҳоло дар як институти педагогӣ, ки шумораи омӯзгоронаш чорсад нафар аст, ҳафт ҳазор донишҷӯ таҳсили илм мекунад. Ҳафтод нафар омӯзгорони ин донишкада номзадҳо ва докторҳои илманд. Ленинобод ба республикаамон ва республикаҳои бародар чун Бобоҷон Ғафуров, Зариф ва Солеҳ Раҷабовҳо, Муҳаммад Осимӣ, М. Ваҳҳобов, Ю. Носиров, Қ. Ҳасанова, Н. Неъматов, М. Ғаффорова, Г. Ҳайдаров ва А. Турсунов — бист нафар докторҳо ва саду панҷоҳ нафар номзадони илмро додааст.

Дар ҳафт омӯзишгоҳи профессионалӣ-техникӣ, бисту ҳашт мактаби миёна бист ҳазор нафар фарзандони меҳнаткашон таҳсил доранд.

Бинокорон моҳ ба моҳ ҳусни Ленинободро афзун мекунанд. Дар давоми панҷ соли оянда рӯ ба дарё меҳмонхонаи ҳаштошёна, заводи зарфҳои эмал, комбинати сохтмони манзилҳо, корхонаи саноати электроника, фабрикаи нахи лавсан, шаҳрчаи бемористони дорои шашсад ҷой, мактабҳо, муассисаҳои нави маданӣ сохта мешаванд. Азнавсозию канализатсия ба анҷом мерасад.
Дар дохили шаҳр ба ҳар ду соҳили Сир сементтахта хобонда мешавад.

Ленинобод зиёратгоҳи мардуми бисёре шудааст, ки
рӯзҳои истироҳат ва отпускаҳояшонро дар ин шаҳри офтоб, меваҷоту об гузаронида мераванд. Вай қадамҷои
бузургон аст. Ба ин шаҳр ҳамсафу ҳамкори Ленин, оқсаққоли Умумииттифоқ — М. И. Калинин, сипаҳсолорони инқилоб М. Фрунзе, В. Куйбышев, К. Ворошилов, Н. Подвойский,

пешина
аз 447
навбатӣ