Зеҳн
Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа

ҚиссаТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

асфальтпӯши диёри тоҷикон, балки инчунин дар республикаҳои бародар ва дар хориҷа мебинед.

Дар Ленинободи имрӯза чӣ истеҳсол намекунанд!
Дар соли гузаштаи шасту нӯҳ вай сию нӯҳ миллион метр шоҳӣ, се миллиону дусад ҳазор сару либос, сил миллион банкаи шартии консерв, ду миллиону саду панҷоҳ ҷуфт пойафзол, саду шаст ҳазор адад кат, севуним миллион сӯмина мебель, понздаҳуним ҳазор тонна пахтаи тоза кардашуда дод.

Хуҷанд, ки замоне номи Тирози ҷаҳонро дошт, дорои шаш ҳазор ҳавлии аксаран кулбаҳои кулӯхдевор буд, ки дар онҳо чиҳил ҳазор нафар аҳолӣ умр ба сар мебурд.
Дар солҳои Ҳокимияти Советӣ ҳазору дусаду панҷ бинои истиқоматӣ, аз он ҷумла дусаду сӣ бинои бисёрошёна қад рост кард. Дар як соҳили рости дарё, ки ҳамааш шуда дувоздаҳ сол таърих дорад, бештар аз сад бинои бисёрошёна сохта шуд, ки саҳл кам сеяки аҳолии шаҳр ҳоло сокини он мебошад.

Шаҳр бо суръати айём обод мешавад. Биноҳои нав, кӯчаҳои калон, хонаҳои кулӯхдевор ва роҳҳои тангу торро аз миён мебардоранд ва фишор медиҳанд. Соле дар ҳаштсад квартираи нави мусоиди замон бӯрёкӯбон мегузарад. Шаҳре, ки ягон ваҷаб, ҳатто кӯчаи сангфарш надошт, ҳоло саду се километр роҳи асфальтпӯш дорад. Ройгон нест, ки Асирӣ баъди сафари Тошкент дар номаи ба номи дӯсти ӯротеппагии худ шоир Зуфархон Ҷавҳарӣ навиштааш бо сӯзу гудоз мегӯяд:

Ҳоли аксар мардуми ин ҷо табох,
Улфаташ кулфат, навояш оҳу воҳ.
Зебу орои макону манзилаш —
Хоки тобистону лои тирамоҳ.

Ленинобод манбаи илму маданият мегардад. Маълумоти зеринро бисёр муаллифон дар осорашон овардаанд. Чун ҷоиз аст, ман ҳам меоварам. Аминам, ки хонанда айб намефармояд. Журнали «Вестник просвещения»
панҷоҳу чор сол муқаддам навишта буд, ки «аз рӯи суръати ҳозираи инкишофи маориф барои барҳам додани бесаводии мардуми Осиёи Миёна чор ҳазор сол лозим аст»! Ҳокимияти Советӣ ин вазифаро дусад баробар тез иҷро кард.

Охир, дар гузашта сохтан ва кушодани мактабе амре
буд маҳол. Амири Бухоро Олимхони рондаи ватан дар

пешина
аз 447
навбатӣ