Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа
Ман ҳоло сардори бригада. Аз ҳар гектар аллакай ҳашт центнер пахтаи мисрӣ додам. Ба даҳ мерасонам.
— Даҳ центнер он солҳо дар он ҷо ҳосили хеле калон ҳисоб меёфт, — зинҳор менамояд Корсаков. — Албатта аз сартарошону караулҳо пахтакори ҳақиқӣ расонидан он қадар осон небуд, вале расиданд.
Фиристодаи партия, марди бағайрат, Корсаков вазифаи худро дар водии Вахш ба ҷо овард. Ӯро ҷонишини мудири шӯъбаи хоҷагии қишлоқи Кӯмитаи Марказии партия таъин намуданд. Баъди ҷанг ӯ раиси Совети оид ба колхозҳо дар республикаи мо буд ва чанде баъд бо ҳамин кор ба вилояти Ленинобод омад.
Пирамарди тануманд, сурхинарӯй ва фирӯзачашм Корсаков, ки нафақагир аст, дар кори ҷамъиятӣ ҷоннисорона иштирок менамояд. Ӯ пропагандист, аъзои бюрои ташкилоти партиявии маҳалла, ҷонишини раиси комиссияи партиявии назди кӯмитаи шаҳрӣ, номзад ба аъзогии пленум, консультанти ғайриштатии минтақавии «Дониш». Ҳам Муҳаммадҷон Ҳасанов ва ҳам Ҳомидҷон Умаров аз ҳамин тоифаанд.
Ҳар як аз ин коммунистони кӯҳан,
Хизмати шоиста дорад бар Ватан.
Маслиҳатгар, маҳфилоро, меҳрубон,
Некхоҳу некрою нуктадон.
Зиндатаъриханд, таърихи диёр,
Ибратомузанд ба мо таърихвор.
З-ин сабаб ҳам ҷумла соҳибзатанд,
Ифтихори партия ҳам давлатанд.
Дар рисола дар бораи кори бузурге, ки ин таърихҳои зинда, ин пирони монданашавандаи кори мардум, албатта сухан гуфтан лозим аст, — мегӯяд ба худ котиб. — Баъд дар рисола масъалаи омӯзиши сиёсии коммунистони шаҳрро ба маркази диққат гузоштан лозим. Гуфтори Ленинро ҳамеша дар мадди назар бояд дошт: «Фақат ҳангоме коммунист шудан мумкин аст, ки хотираи худро бо он ҳама сарвати инсоният ба вуҷудоварда ғанӣ гардонӣ».
Чун аз коммунистони шаҳр ҳарф мерафт, ман навиштам, ки дар ҳайати он як нафар эронӣ ҳам ҳаст. Аз ӯ таваққуфе мекунам.
...Дӯкондор Ҳиқолиён дар Машҳади Эрон писари дӯстдоштаи худро аз хона ронд. Гуноҳи ӯ бе иҷозати падари
тақводор ба сафи ҳизби Тӯда дохил ва даҳрӣ шуданаш

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор