Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа
ҷавонияшро нигоҳ доштааст, ҳарчанд рӯзгор ӯро эрка накардааст. Мавлударо ба як тӯраи панҷоҳсола ба занӣ додаанд, ки вай ду зани дигар аз муридони худ дар ду деҳа доштааст. Мавлуда баъди як моҳи хонадорӣ ба ҳавлии падар меояду вале дар он ҷо намеғунҷад. «Ман духтари бозгашта омадаро ба хона роҳ намедиҳам» — мегӯяд падари бемурувват. Мавлуда ба хонаҳои хешовандон меравад. Онҳо ҳам ба вай рӯи хуш намедиҳанд. Раиси комитети иттифоқи касабаи комбинати абрешими Ленинобод Мастура Авезова, ки дар озод намудан ва ба корхонаҳои нави саноатӣ овардани садҳо занон кори бисёри наҷибе кардааст, ӯро ҳам ба комбинат мебарад ва пиллакаширо ёд медиҳанд. Мавлуда баъди даҳ сол дувумбор хонадор мешавад, вале шавҳар вафот накарда, бо духтарчае ӯро партофта меравад. Зан духтарро калон карда, ба шавҳар медиҳад ва ҳоло ҳамроҳи оилаи вай аст.
— Хайрият Худо ҳамин духтарро доду безурриёту бекас намондам, — Мавлуда оби дида кард. — Духтарам абрешимтоби чевари комбинат. Баъзе вақт ба хаёли дуру дарозе меравам, ки агар Ленин намебуд, инқилоб намешуд, ҳоли мо чӣ мебуд?
— Нағз гуфтед, дугона. — Сар ҷунбонд Истадой. — Ленин доруи дарду марҳами ҷароҳати бечорагонро ёфт. Хушбахт будаем, ки дар замони вай ба дунё омадаем.
Дар бозгашт ба лаби дарёи Сир омада, аз машина фаромадем. Дар чойхонаи соҳили рост, ки дар сари пули понтонии пештара воқеъ аст, ба катча нишаста чой пурсидем. Чойрезиро ман ба зимма гирифтаму Ислом Бобоев боқии саргузашти худро нақл намуд.
Аз рӯи нақли мардуми Хуҷанд, шайхони мазори Хоҷа Камол авлоди хоҳарзодаи Камоланд. Аз замони ҳаёти Камол ин тараф камаш нӯҳ авлод ба дунё омадааст. Ман ба рӯи Бобоев менигарам ва аз Камоле, ки сурати ӯро устод Айнӣ бо ҳарф тасвир намуда буд, нишонае намебинам. Боре мо барои ба рассом кашонидани расми тахминии Камол ба устод муроҷиат намудем ва фикри ӯро дар ин бобат пурсидем. Ӯ гуфта буд, ки ба Ҳаким Карим ришу бурут часпонед, Камол мешавад. Лекин Бобоев ба Ҳаким монанди надошт.
Қиргизбоев худ тавсия дода, аввал ӯро ба сафи
комсомол дохил мекунонад, вале билети комсомолиро

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор