Зеҳн
Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа

ҚиссаТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

ба дасти ӯ надоданд. Дар ба дару кӯй ба кӯй мегардӣ, бигузор дар ҳамин ҷо бошад. Лекин ҳаққи аъзогиро дар вақташ супор, ки шарти аввали интизом аст,— гуфтанд ба ӯ. Баъди воқеаи чойхонаи Қистакӯз ӯро аз он ҷо гирифтаанд. Ӯ «писари» ямоқчӣ ва чархчӣ шуд.
Ба вай ӯро ҳамроҳ карда ба тарафҳои Нов, Ғончӣ, Ӯротеппа ва Шаҳристон фиристоданд. Босмачиёнро ҳам гӯл гумон кардан хато мебуд. Боре як дастаи Холбӯта чархчӣ ва Бобоевро дар Ғончӣ дастгир намуда, ба каҳдони бое қабс намуд. Кафшдӯз Раҷаббой Отабоев, ки ямоқчии чархчӣ шуда ба ин тарафҳо омад, одами батамкину вазнин буд. Ӯ роли одами бечораю дармондаро хуб бозида метавонист. Гиряю зорӣ кард, ки фарзандони хурдсолаш чашмдори раҳиваянд.
Онҳоро сар доданд. Лекин аз қафояшон одам монданд.
Отабоев инро зуд эҳсос намуд ва онҳо қариб як моҳ маълумоте ба ҳеҷ ҷо нафиристоданд. Ҳамин ки босмачиёнашон аз онҳо умед барканданд, боз амалашонро давом доданд. Ба туфайли маълумоте, ки онҳо мефиристоданд, бисёр мададгорони босмачиён фош карда мешуданд. Баъди торумор карда шудани тӯдаҳои ғоратгарои шимоли Тоҷикистон аз солҳои бисту чорум сар карда, Бобоевро дар деҳот барои ташкил намудани ташкилотҳои ҷуфтдонон мефиристоданд. Ӯ деҳқонони камбағал ва миёнаҳолро муттаҳид мегардонд. Баъд ӯ назоратгари қабсхона дар Самарқанд, котиби комитети комсомолӣ дар Исфара, ҷонишини раиси иттифоқи ҷуфтдонон округ, сардори шӯъбаи сиёсӣ дар полки ҳаштодӯм, котиби ташкилоти ҳизбии совхозе дар ҷануби республика, раиси иттифоқи касабаи ҳунармандони шаҳри Хуҷанд буд. Таҳсил. Баъд директори осиёби механикӣ ва заводи вино. Аъзои клуби шӯҳрати революсионӣ,— чунин аст роҳе, ки ин марди дар як дидан назарногир, коммунисти кӯҳансол тай намудааст.

Дар шаби аввалин бор ба саҳнаи театри Ленинобод гузошта шудани «Дили шоир» Ислом Бобоев ҳам буд.
Чун пьеса ба итмом расид, ман дар чашмони ӯ ашк дидам.
— Як рубоӣ аз ин пьеса ба ман ёд шуд,— гуфт ӯ ва хонд.
Чун равад сармову боз ояд баҳори дилфиреб, Рӯзи беҳ, рӯзи беҳ гардад ба берӯзӣ насиб.
Дар лаби Сайҳуну Сурхобу Зарафшону Аму, Бегумон мардум намояд ёди ин мискин ғариб.

пешина
аз 447
навбатӣ