Зеҳн
Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа

ҚиссаТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

дарро зер кард. Дарро як духтар кушод ва аз қафои он пиразане намоён шуд.

«Истадой худи ҳамин аст» гуфтам дар дилу ба долон қадам ниҳодам. Ҳо, худи ӯ будааст. Вай моро чун шиносон пешвоз гирифт ва Бобоевро изҳори миннатдорӣ кард, ки маро ба хонаи ӯ гирифта овард.

— Ба шарофати шумо муаллим, ба қавле бо гардиши фалак, меҳмони хонаи мо мешаванд. Канӣ, марҳамат карда ба ин хона дароед. Меҳмонхонаи мо ҳамин аст.

Мо дар паси миз дар атрофи дастархони нозу неъматдор чойи қаймоқии кабудро нӯши ҷонкунон нишастем. Истадой саргузашти худро, ки дар ин фасл иҷмолан нақл шуд, ҳикоя кард ва дар охир илова намуд:

— Ман шуморо боз бо як кас шинос мекунам, ки шумо он касро нею ӯ шуморо аз овони қафшдӯзиатон мешиносад. Хез Норӣҷон — фармуд ӯ ба наберааш, духтаре ки ба мо дарро кушод. — Очаатро гирифта биё. Агар домулло биёянд, маро ҳам хабар кунед гуфта буданд.

Фурсате нагузашта, дигар як пиразани нуронӣ куртаи васеи остиндароз пӯшида ҳамроҳи Норӣ омад.

— Ассалому алайкум, домулло, — таъзим намуд пиразан ва ба стуле, ки нишон доданд, нишасту боз нимхез шуда, — Хушомадед, — гуфт. Шумо албатта ин кампир кӣ бошад, гуфта фикр мекунед. Ман духтари Ҳидоятхонтӯраи олқоронӣ мешавам. Ба дӯконхонаатон рафта поямро чен кунонида будам, ки ба ман кафш дӯзед.

Ман аҷаб, ки лол шуда мондаму чӣ гуфтанамро намедонистам ва аз ин дар хиҷолат мондам. Духтари Ҳидоятхонтӯра, ҳамон духтари шӯхшангу шаттоҳ, ки пои сафеди нохунҳояш ҳинодорро ба рӯи коғаз монда «ҳой, ба шумо чӣ шуд? Боз қалам наковед, вай дар дастатон» — гуфта буду нақши пои ӯ чанд гоҳ байни варақҳои китоб меистод ва дар зери чарми кафши ӯ ман чун ошиқи ноком хати худро гузошта будам, дар рӯ ба рӯям менишаст. Ана ин, ба қавли Истадой, гардиши фалак буд. Баъди чилу шаш сол.

Мо то соати даҳи шаб саргузашти аҷиби Истадой ва эпизодҳои зиндагонии духтари Ҳидоятхонтӯраро шунидем. Муболиға мапиндоред. Духтари тӯра қариб ба ҳафтод расида бошад ҳам, ҳанӯз қисме аз ҷамоли бокамоли

пешина
аз 447
навбатӣ