Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа
— Аз ту, ки напурсидам, ғипҷон! — бонг зад ба вай ҷӯрабошӣ ва дар ҳамин асно гӯё аввалин бор дари ангиштхонаро диду гумон кард, ки Шарифкалла дар он ҷо пинҳон аст. Рост ба ҳамон тараф мерафт ва сеи дигар ба вай ҳамроҳӣ мекарданд. Ана дар ҳамин вақт дари чойхона калон кушода шуда ҳафт нафар милиционер ва як нафар каси ҷома дарбар зада даромаданд.
— Даст бардоред! — фармуд ҷомапӯш.
— Ман овозро зуд шинохтам ва дурусттар нигоҳ карда Қирғизбоев, сардори шӯъбаи милицияро дидам, ки телпаки лӯлагардиш ва музаи кӯҳна пӯшида миёнро аз болои ҷома маҳкам баста буд. Мили таппончаи ӯ сандуқи дили Худойбердиро нишон мегирифт. Босмачиҳо пасу пест даст бардоштанд.
— Яроқҳоятонро ба замин монед, тезтар, — амр кард Қирғизбоев. Гурги борондида Ҷӯрабошӣ яроқро гузош- тан замон, аз соқи мӯза чунон чолокона қамчинро ка- шида ба тарафи чароғ ҳаво дод, ки шишааш шикаста ҳама ҷо торик шуд. Ҷонам ба ҳалқам омад. Тарсам аз ин буд, ки Ҷӯрабошӣ таппонча дорад ва албатта Қирғизбоевро мепарронад. Як ҷуръати ногаҳонии пайдо шуда оташгира- ки вазнини дар дастам бударо тахминан ҷои истоди Ҷӯрабоширо ба нишон гирифта ҳаво додам. Садои рафта ба касе расида ба замин афтодани оташгирак ва «ух» гуфтани касею аз зарби лагад шикастани пештахтаи чойхона ба гӯшам расид. Дар ҳамин асно равшании фонари кисагин як нафар милиционер босма- чиёнро тахт нигоҳ дошт. Аз ҷои шикастаи пештахта бо шамолу хунукӣ боз чор нафар ба чойхона зада даро- маданд, ки дар байни онҳо раҳматӣ Додо Зокиров ҳам буд. Он касро худатон мешиносед, — гуфт Ислом Бобо- ев.— То охири умр раиси совети қишлоқи Қистақӯз буд. Ман ҳам тарсидаю ларзида ҳам фахрида дидам, ки оташгираки ман ба пешоии Ҷӯрабошӣ расидааст. Аз байни панҷаҳои вай хун мешорид. Таслим шуданд. Аммо ба ҳар ҳол дастҳояшонро ба пушташон бастанду пешандоз карда бурданд. Фурсате баъд Эшони Қанда- лот омад, ки ману хешбачааш ба якдигар гап надода воқеаро гуфтем. Аммо вай он қадар эътибор намедод. Сонӣ фаҳмидем, ки хударо ба ягон кас нишон надо- да дар ин дастгиркунии босмачиён ширкат кардааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор