Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа
— Имшаб Қирғизбоев дуои як духтари муштипар
ва падару модари вайро гирифт, — гуфт ӯ.
— Сурати воқеа ин тавр будааст, — нақли навро
сар кард Ислом Бобоев.
XVIII
Дар канораи маҳаллаи Қинтариқи Қистакӯз Бобомаъруф ном боғбони дасташ сабзе умр ба сар мебурд.
Ҳавлии ӯ иборат аз майдончаи дорои се-чор бех зардолу ва ду-се занг ток бошад ҳам, ба шарофати дар пайвандгарӣ қарина надоштани боғбон ҳосили фаровон ва гуногун медод. Боғбони таҷрибаноки баҳавсала ба ҳар шохаи зардолу навъи дигари ҳам хушбор ва ҳам ҳуштаъмро пайванд намуда буду бинобар ин аз моҳи ҷавзо сар карда, то тирамоҳ ҳам зардолуи ҷавпазак ва ҳам маҳтобӣ, ҳам қандаку мирсанҷарӣ ва ҳам хурмоюи бобоии қоқашон шинивор курутакбанд, шохаҳои шигел-шигелашонро ҳам намуда назаррабоёна майдончаро оро медоданд. Ток ҳам саховатмандона ҳосил медод.
Бобомаъруф дар бистсолагӣ хонадор шуда бошад ҳам, танҳо баъди даҳ сол рӯи фарзандро дид. Ба духтарча Истадой ном ниҳоданд. Истад ҳам монандӣ падар меҳнатдӯст ва ошиқи долу дарахт. Ҳанӯз аз овони хурдсолӣ аз паси падар гашта, дар парваридани дарахтон, ғундоштани ҳосил мададаш мекард ва намегузошт, ки ягон дона зардолу ба замин монда пӯсад ё ягон сар ангур тӯъмаи паррандагон шавад. Вай ба ток зангӯлаҳо баста мекашиду бо овози форам ҳой-ҳой мегуфт:
Ангур ало шуд, хой, Чумчуқ бало шуд хой!
Ин боғи қозӣ, хой, Нахур, ки норозӣ, ҳой!
Истадой чун ҳаштсола шуд, падару модар ба умеде ки ин фарзанди ягонаашон саводнок бошад, ӯро ба мактаб доданд. Мактабдор отунбибие буд, ки ба ҳашт нафар духтаракон аз тахтаву ҳафтъяк кашида то «Чоркитобу» Бедил дарс медод ва зане буд меҳрубону хуштакаллум. Вале писаре дошт турфа шӯх, гапнодаро, бар хилофи номаш, — Қобил, ноқобилу нохалафе.
Ин сабаб дошт. Падари Қобил — Ҳайдари ҷувоз агар дар ҳақоратгарӣ мусобиқа мешуд, бегумон ҷои якумро

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор