Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа
қатӣ оби бӯи хазону лойқадорро мекашондем. Чӯйҳо аз ях бардама. Аз ёдам немеравад, ки як рӯз мо се маротиба барфи бомро бел кардем. Ба болоямон бом наафтад гуфта метарсидем. Молу ҳолро ба пойгаҳи хонаҳо оварда баста будему чорвои бисёре дар дашту саҳро аз хунукӣ нобуд шуд. Хулоса қисса бисёру гуфтанаш душвор. Зимистон набуду бало буд.
— Ҳамон зимистон аранг-аранг дар хаёли ман ҳам ҳаст, — гуфт дигаре. — Аз гурбадаваки сандалӣ ҳеҷ кас берун рафтан намехост. Ба ҳезум қирон омада буд... — Ӯ дар ин дам аз чояш бархоста ғилофи корди дарозро ба даст гирифтани Шарифкалларо дида аз доманаш кашид. — Сабук нашавед. Санги вазнинро об намебарад. Ҳамаамон ҳамроҳ меҳезему гангур-гунгур карда меравем.
— Аммо ман хавотир будам, — гуфт Ислом Бобоев, — аз ангиштхонаи чойхона як дари майда ба қафо кушода мешуд. Ангиштбиёриро баҳона карда рафтаму секин дарро кушода берун омадам ва таг-таги девор рафтаравон чашмам ба чанд нафар аспакӣ афтод. Зуд тохта ба чойхона даромадаму «Шарифамак, гурезед, ки аспакиҳо омаданд!» — гуфтам ва аз дасташ гирифта ба ангиштхона кашидаму аз дарча бароварда фиристода ба самоворхона даромада будам, ки чор каси яроқдор аз дар зада даромаданд. Пешопеши онҳо Чӯрабошӣ буд.
— Шарифкалла канӣ? — наъра зад вай.
— Навакак баромада рафт, — гуфт яке аз гулханнишинон, ки ҳама хеста меистоданд.
— Гурезондед, мутаҳамҳо! — арбадаю итоб мекард Чӯрабошӣ.
— Гурезонледу ба лабатон кулӯҳ молида шиштаед. Ба куҷо рафт?
— Ба ҳавлияш рафтагист-дия.
Ин вақт Чӯрабошӣ як қадам ба пеш монда ба ман май кашида нигоҳ кард.
— Худи ту аз куҷо?
— Ин бача писари як шайхи мазори Хоҷа Қамол, — гуфт аз чойхӯрон як марди солхӯрдаи қоматхамида. — Дар корихона мехондаасту падараш бетоб шуда ба кашу кӯки зиндагӣ мадад кунам, гуфта чойкашон шуда омадааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор