Зеҳн
Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа

ҚиссаТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

Пештар ба хаёлам ба номатон ӯрабоширо ҳамроҳ накунанд, хафа мешудеду акнун чаро қимоби ӯрабошӣ шудаед? — таъна зад Шарифкалла. — Дар Қистакӯзи мо медонед, ки одами белақаб нест. Якта ӯробай чавғалӣ белақаб буду вай ҳам соли гузашта ба шаҳр рафта омада ӯра чимчит шуд. Як ҳангоматалаб хӯш, аз куҷо гӯяд, вай бечора аз шаҳр гуфтааст. Дар шаҳр чӣ гапҳои нав гӯяд, чимчит гуфтааст. Ана акнун номаш ӯра чимчит...

— Мана гапам ҳам нею лақабам ҳам нест. Бомаки пастаки ҳар касу нокас ҳам нашудаам ба худо шукр, — мад кашид ӯрабошӣ.

— Аз охури баланд емхӯрии шуморо медонам. Аммо...

— Аммо чӣ?

— Ба худо шукр замона дигар шуд.

— Бе дастро даст надеҳу калбузро шох. Замона дигар шуд гуфта аз ҳаддатон гузаштан мегиред-мӣ? — ӯрабошӣ давоми суханашро нагуфт, боз чилимро ба даст гирифту дандон соида дудро пуфкунон рӯй ба Шарифкалла овард: — Ҳамин тавр замона дигар шудгӯед-а?..

Аз гулханнишинон як кас, ки то ин дам ба гап ҳамроҳ намешуд, онҳоро ба сулҳу салоҳ овардан хост.

— Хайр, яктаатон аз як даҳан гап монед ҳеҷ қисса не. Мероси падар тақсим намекунед-ку. Гардани шайтон шиканад гӯед, олам гулистон.

— Ба насиҳати шумо ҳам даромадем, — оҳ кашид ӯрабошӣ ва чойро чала монда аз ҷой бархост. — Вақташ расад, гапзанон мекунем. Мард дар зери забон пинҳон аст. Хуш монед, одамҳои нағз... масхараомез хам шуда таъзим карда баромада рафт.

— Одами бад ба мардум, заҳр занад чу каждум.
Ин гӯрсӯхта ҷудо одами ганда, — гуфт Шарифкалла.

— Аз куҷо ҳамин бепои қадам омаду ҳикояатон чала монд, — пичирос зад яке. — Сонӣ чӣ шуд, Шарифако?

— Ману шумо ҳамин зимистонро хупук гуфта истодаему аммо ин ба вай пӯғу остин ҳам шуда наметавонад. — Ҳикояашро бепарвоёна давом дод Шарифкалла. — Шабҳо аз хона чарс-чарс кафидани занги току
дарахтҳоро мешунидем. Оби ҳавз ба таг рафтагӣ. Ҳар
саҳар рафта яхро бо табар тӯшук карда, косаю кафлес

пешина
аз 447
навбатӣ