Зеҳн
Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа

ҚиссаТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

дар кирмкашӣ беустухон афсӯс, ки чанд рӯзакак пеш гӯшаша ба таги сараш монд.

— Тоза ҳам шумо одами бетамиз-куя! — пӯстинпӯш сухани хайрхоҳро бурид. — Канӣ, ҷоятонро гарм-гармакак хӯреду як нафас ҷоғатонро бандед?

— Хуб шудааст ҷӯрабошӣ. Гуфтагиамон нагуфтагӣ.

— Боз ҷӯрабошӣ. Номи ман Худойбердӣ, медонед! — чойнакро ба тарафи худ кашида боз ақиб ронд пӯстинпӯш. «Ҳа аз ин мебарояд, ки Худойбердӣ ҷӯрабошӣ ҳамин будааст, — гуфтам дар дил. Рӯзе Эшони қандалот ба касе мегуфт, ки ҳар бор пеш аз ба Қистакӯз зер карда даромадани босмачиҳо Худойбердии Чигдаликӣ дар Қистакӯз пайдо шуда баъди ягмову ваҳшигарӣ карда рафтани босмачиҳо ғайб мезанад. Гумон мекардаанд, ки Ҷӯрабошӣ одами босмачиён аст. Аз гуфти самоворчӣ Ҷӯрабошӣ одами курмакранг, зағомарӯ, чашмчукур буд. Дар парраи чапи бинияш озахнамо холи гӯштӣ дошт. Ҳоло як тарҳи аз манахбанд беруни рӯяшро чароғ равшан мекард, лекин парраи чапи биниашро дида наметавонистам. Фикр мекардам, ки чӣ баҳона ёфта ба он тараф гузараму онро бинам.

— Ҳой бача, як чилим биёр, — Ҷӯрабошӣ мушкиламро осон кард. — Обашро наву сархонаашро нағзакак тоза карда биёрӣ, шуд. Тамоку ҳаст.

Чилимро бурдаму номаълумона пардаи биниашро дидам. Нахӯд барин холи гӯштӣ ба нӯки бинияш ҳатто соя андохта буд.

Аз афти кор шишта-шишта талхгӯиҳои Ҷӯрабошӣ ба Шарифкалла алам кард. Қавоқашро бист ман овезон карда буду чилими ба тарафаш дароз карда шударо нагирифт.

— Чилимкаширо, Худойбердиако, аллакайҳо партофта аз сулфаю атсааш хайрият халос шудам, — гуфт ӯ.

Суханҳои дигарон ҳам акнун он қадар ба ҳам намечаспид. Сукут ба миён омад. Ҳикояе, ки Шарифкалла пеш аз омадани Ҷӯрабошӣ аз як зимистони изгирини овони бачагиаш мегуфт, тамом нашуда монда буд. Ҷӯрабошӣ аз ин ҳолат зиқ шуд.

— Канӣ, гап занед. Чаро ҳамаатон мум газида мондед? — пурсид ӯ.

— Аз шумо гап намемонад, Ҷӯрабошӣ. Гӯшамон ба шумо. Сад сухан бишнаву як бигӯй гуфтаанд, Ҷӯрабошӣ.

пешина
аз 447
навбатӣ