Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа
ба куҷо рафта буд, намедонам. Ба чойхӯрон ман чой дам карда медодам. Як маҳалле дари чойхона тараққӣ кушода шуду як марди пӯстинпӯш, ки манаҳро бо рӯмол ва саллаи карбосии чиркипро то болои абру пахш карда баста буд, барфу хупуки берунро ҳамроҳ гирифта даромад ва ҳамаи ҳозиронро аз назар гузаронд. Чойхӯрон гӯё аз якдигар мепурсиданд, ки вай аз куҷо пайдо шуду чаро ба ин ҷо омад. Пӯстинпӯш мӯзаи барфолудро гурс-гурс ба замин зада худро мисли саги аз об баромада ларзондаву таконда барфро афшонд ва рост ба сари манқал омад.
— Э хайрият, алов калон-ку. Ассалому алейкум одамони пағз. Саломат ҳастед? — ӯ аз як сар ба ҳама даст дода нишаст.— Сабили барф чунон ҷадала карда меборад, шамол чунон сахт, ки ба чашмкушоӣ намемонанд. Қанӣ, ҳой писар, якта ҷои гарми ахта дам карда биёр. Бебаркаш андохтан гир. Пулаш нақд.
Ин вақт вай ба ман ба хаёлам бо шубҳа назар карду оҳиста «Ин бача боз аз куҷо?» — гуфта пурсиданашро шунида мондам. Ман худамро ба пошунавой зада чойро овардам. Пӯстинпӯш аз ман чашм намеканд. Бӯи пӯстини тараш ба димогам зад.
— Зормонда як дандони ашк ҷонамро гирифта истодааст, — шикоят кард вай чойнакро ба лахҷа наздиктар карда.— Қирм хӯрдагӣ. Зириқ-зириқ дард мекунад.
— Қаонед монед, ҷӯрабошӣ, маслиҳати бедардонае дод яке аз чойхӯрони доимии мо Шарифбой, ки бинобар каллакалон буданаш, Шарифкалла меномиданд.— Аз дарди дандон канондаю аз ҳамсояи бад канда халос мешавӣ гуфтаанд.
Пӯстинпӯш ба маслиҳатгар чунон теғ кашида нигоҳ кард, ки вай аз гуфта пушаймон шуда ба узргӯй даромад...
— Дар омади гап гуфтам-дия, ҷӯрабошӣ. Бад карда бошам, тавба кардам.
— Ин қадар ҷӯрабошӣ гуфтан нагиред, — танбеҳ дод пӯстинпӯш.— Охир ман беном не-ку!
— Хуб шудааст, уко, маъқул набошад, намегӯем,— гуфт Шарифкалла, ки узри бадтар аз гуноҳ кард: — Эҳтимол, уко, дандонапотонанда кирм бошад. Як кирмкаш мекунондед... Аммо Зубайда кампири раҳматии

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор