Зеҳн
Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа

ҚиссаТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

оби хунук рехта. — Шайхҳои дигар, ки баъди тарки шайхӣ кардани падарам ӯро муртад гуфта таъна мезаданд, шаҷараро аз мо кашида гирифтанд. Дар ёдам ҳаст, ки вай як варақи калони коғази чараккосӣ буд ва мӯҳрҳои бисьёр дошт. Падарам мегуфт, ки ба вай подшоҳу хонҳои Хуҷанд мӯҳри худро монда авлоди Қамол будани моро тасдиқ кардаанд.

— Падаратон аз ин мебарояд, ки ҳам кори хуб кардаасту ҳам кори бад, — гуфтам ба ӯ. — Хуб кардааст, ки тарки нокасию номардӣ намудааст, падаш ин аст, ки чунин ҳуҷҷати таърихиро нигоҳ надоштааст. Шумо, ки авлоди он шайхонро медонед, як суроғ карда бинед, шояд дар ягон сандуқча ҳанӯз ҳам хобида бошад.

— Гумондия, — сар ҷунбонд Бобоев бо таассуф. — Албатта шаҷараро то он вақт паҳпаҳкунон нигоҳ медоштанд, ки вай воситаи даромад буд. Мазор бошад, ҳанӯз соли бисту ҳаштӯм дар вақти кушодани кӯчаи нав — кӯчаи ҳозираи Ленин ва гӯристон бошад дар вақти сохтани меҳмонхонаи Хуҷанд аз миён рафта буд.

— Бино ба шунидам, ғайри мадраса дар он ҷо корихона ҳам буд, — гуфтам ба Бобоевро ба гап гирифтанӣ шуда. Шунида будам, ки ӯ дар он корихона таҳсил намудааст.

— Ҳа. Ман дар ҳамон корихона мехондам, — гуфт ӯ. — Падар маро корӣ карданӣ буд. Дар яке аз се хуҷраи корихона истиқомат мекардам. Ман ҳанӯз ду-се пора қуръонро ёд накарда будам, падарам бетоб шуд ва оилаамон бесаробон монд. Бинобар ин, ман тарки хондан карда дар Қистакӯз чойкашони самоворхонаи Эшони қандалот ном касе шудам, ки шиноси падарам буд.

— Як шаб дар берун барфи лаклакӣ мебориду шамоли сахт, дари чойхонаро, ки кушоданд, онро ба пешгоҳ меовард ва чароғи овезаро липпонда пасту баланд мекард. Дар сари манқале, ки оташи ангишт фурӯзон буд, шаш нафар чойхӯрон нишаста гарми сӯҳбат буданд. Як хешбачаи соҳиби чойхона, аз бӯрону барф тарсида дар он ҷо хобрафтанӣ шуда монд, аз хунук ларзида аз омаданаш сад пушаймон, гоҳ дастонашро ба самовори ҷӯшон молидаю гоҳ ба ҳалқаи гулханнишин омада пойҳояшро гарм мекард. Эшони қандалот

пешина
аз 447
навбатӣ