Зеҳн
Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа

ҚиссаТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

Пухт аз даври маҳу гардиши сол
Меваи боғи хуҷандии Камол.
Лек боди аҷал он меваи пок
Рехт дар Хуттан Табрез ба хок.

Баъд шоир муддарои табъи шайҳро мазаммат мекунад. Аммо бо ин ҳам тасаллӣ наёфта, ба ҳавлӣ рафта шеър менависаду одамеро ҷустуҷӯ мекунад, ки бурда ба шайҳ диҳад. Дар ҳамин вақт тифоқо аз куҷо падарам пайдо мешавад. Асирӣ коғазро печонда ба дасти вай медиҳаду хоҳиш мекунад, ки ба Ҳалимдомулло бурда диҳад. Ба ҷои падарам каси дигар ҳам мебуд, агар саводнок бошад кушода медид, ки дар он чӣ навишта шудааст. Ӯ мехонаду дуд аз димогаш мебарояд. Тири мазаммат аз ҷавшани ҷонаш мегузарад.
— Хайр шеъри дар ёдатон бударо зудтар мехондед.
— Хуб, чор хати ба ёдам мондаро мехонам.

Назр мегирӣ? Чӣ хуш мебуд дастат мешикаст, Назргирӣ пешаи номарду нокасҳову паст.
Гар намедонӣ, бидон, эй шайхи беномусу ор Бо тамаъ аз зинда будан, мурдани бе он беҳ аст.

— Офарин ба ёдатон — таҳсин ба Ислом Бобоев кардам, — Вале афсӯс...
— Чӣ афсӯс?
— Афсӯс, ки мондагиашро дар ёд надоред.
— Бале. Шеър калон будааст?
— Падар мегуфт, ки як рӯи коғаз пур буд.
— Хайр шеърро хонда Ҳалимдомулло ҳам тарки шайхӣ кард?
— Не. Хатоваранда, дадои ман тарки шайхӣ карду ӯ не. Баъди ҳамин ҳам агар аз баҳри шайхӣ набароӣ ман қафсану ҳаққуллои чӯи Даштакро ба ту медиҳам, ки сер шавӣ — гуфтааст падари раҳматиам. Дар хотирам ҳаст, ки дар зиндагӣ хеле вақт мо шкуфоии калон кашидем. Модарам мегуфт, ки ҳой мардак, ба шумо чӣ чин зад, ки ҳаққи худатонро ба каси дигар дода, шогирди бофанда мешавед. Ман номард ҳам нею нокас ҳам мегуфт падар. Ҳол он ки шаҷараи ягонаи авлоди Камол будани шайҳҳо дар сандуқчаи мо меистод.
— Шаҷара ҳам доштед? Ҳоло вай дар куҷо?
— Кӣ медонад, ки дар дасти кӣ монду дар куҷо, — ҷавоб дод Бобоев ба деги ҷӯшони иштиёқи шаҷарабиниам

пешина
аз 447
навбатӣ