Зеҳн
Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа

ҚиссаТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

маҳаллаи Найсаворро гирем. Кӯдакони ба сулфаи кабудак гирифторро барои шифо ба он ҷо мебурданд.

— Ба мазори Шайх Муслиҳиддин чи гуна беморон
назр меоварданд?

— Хоки ӯро гӯлакон давои ҳамаи дардҳо, равокунандаи ҳамаи ҳоҷатҳо медонистанд,— ҷавоб дод Бобоев.

Ман шоҳиди як воқеаи аҷоиб шуда будам. Ин соли сию якум буд. Як одам бегоҳирӯзӣ ба шайхи он мазор гӯсфанде оварду дуо гирифт, ки корҳояш барор гирад.
Вале каси назр оварда ҳанӯз аз он ҷо берун наомада, дастгир шуд. Маълум шуд, ки қабл аз ин аз рамаи колхоз чанд гӯсфанд дуздидаасту яктои онро ба шайх овардааст. Сонӣ, шумо маро ба галаи шайхҳо ҳамроҳ кардед. Аммо падари раҳматӣ аз шайхи гузар карда дар калонсолӣ ба бофанда шогирд даромада, беқасаббоф шуда буд...

— Аз шайхи гузар кард ё ӯро чун авлоди қалбакии Камол маҳрум карда буданд?

— Не. Падари раҳматиам одами пӯсташ тунуки базарда буд — ҷавоб дод Ислом Бобоев.— Як байти Тошхоҷа Асирӣ ба ин сабаб шудааст.

Бобоев ҳисси кунҷкобии маро ба туғён оварда каме хомӯш монд.

— Оё он байтро аз ёд медонед?

— Афсӯс, ки чор хаташ дар хотирам мондааст,— Бобоев гӯё шеърро ба ёд меовард, ки пешонӣ чин намуда, ба хаёл фурӯ рафт. — Аслаш ин шеърро Асирӣ ба Ҳалимдомулло гуфтанӣ як шайх бахшидааст. Як рӯз Асирӣ аз пеши мазори Хоҷа Камол дар гузар шуда дида мемонад, ки як одами ҷомааш чигда-чигдаи аз вараҷа вуҷудаш ларзон ба рӯмол меваи хушк печонда оварда, бо пул ба дасти Ҳалимдомулло дода аз ӯ дуо ва тӯморе мегирад. Инро дида, шоир ба шӯр меояд ва аввал беморро қоҳиш мекунад, ки аз хоки ҳавлии Камол давои дардро мечӯяд.

— Э марди содда, оё намедонед, ки зери ин гунбаз ҷасади шоир Хоҷа Камол не, балки бобокалони яке аз ин муфтхӯрони беномус гӯронида шудааст.
Қабри Камол дар Табрези Эрон. Агар нашунида бошед, шунавед, ки дар ин бора ҳазрати Абдураҳмони Ҷомӣ чӣ гуфтааст:

пешина
аз 447
навбатӣ