Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа
Аз шонздаҳ қабристони дохили шаҳри Хуҷанд шаштааш дар ду тарафи кӯчаи асосии шаҳр то соли бисту ҳаштум мавҷуд буд. Онҳо қабристони Шайхмуслиҳиддин ва дар рӯ ба рӯи он — дар ҷои корпуси химияи институти педагогӣ қабристони маҳаллаи Дугчӣ, дар паси шӯъбаи вилоятии нигоҳдории тандурустӣ қабристони Хоҷакамол, дар шарқи Ёдгории муборизони инқилоб қабристони Бобо Зирак, дар андак дарунтари он қабристони Хоҷаи Махрӯ ва наздикии соҳили дарё қабристон Ҳазрати Бобо воқеъ буд.
Чунон ки писари яке аз шайхони мазори Хоҷа Камол, аъзои клуби шӯҳрат, гирандаи нафақаи шахсӣ Ислом Бобоев нақл намуд, назру ниёзи мазор барои шайхоне, ки худро авлоди Камол меномиданд, кофӣ набуд, лекин онҳо ҳисоби дигари муфтхӯриро ёфта буданд.
Мегуфтанд, ки ба деҳаи Ғӯлакандоз, мавзеъҳои Даштак, Ғозиён, Чорсӯ, Ёва ва Чӯи хоҷаи атрофи Хуҷанд обро аз сои Хоҷабоқирғон замоне Хоҷа Камол овардааст ва чӯи Хоҷа ном доштани яке аз онҳо исботи баҳснопазирии он мебошад. Аз ин рӯ, аз деҳқонони ин маҳалҳо гирифтани ҳаққулло ва қафсан чун мерос ҳаққи онҳост.
— Ба мазори Хоҷа Камол беморони вараҷа назр меоварданд, ки шифо ёбанд,— гуфт Ислом Бобоев.
— Аҷаб! — хандидам ман.— Дар Хуҷанд шумо, шайхҳо ҳавлии Камолро шифоқадаи беморони дарди вараҷа эълон кардаеду бино ба афсонае, ки мураттиби девони ба қарибӣ дар Табрез табъ ёфтаи Камол овардааст, қабри ӯро дар он ҷо шифобахши дарди чашм мепиндоштаанд. Гӯё ҳанӯз дар овони ҳаёти шоир мардуми он шаҳр «Ҳафтае як бор фарзандони худро ба назари шайх мушарраф мекарданд ва агар аҳде дар ин боб эҳмол мекард, фарзандашро дарди чашм мегирифт»...
— Назр аз ҳаққи табиб ба ҳар ҳол камтар буд,— шӯхӣ намуд Бобоев.— Агар дар ёдатон бошад, дар беруни дарвозаи Қалъаи нав мазоре буд, ки озах ном дошт. Ҳар кас озах барорад, ба он ҷо мерафту танга ба озах молида ба қабристон ҳаво медод. Мегуфтанд, ки ҳар кас он тангаро гирад, ба даст озах мебарорад. Лекин ягон танга дар қабристон намесмонд. Шайхҳо пинҳонӣ онро чида мегирифтанд. Ё мазори сулфаи кабудаки

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор