Зеҳн
Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа

ҚиссаТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

ва Хуросон ба ҳам пайваста, баргаштанист. Мо ҳам ба онҳо ҳамроҳ мешавем, то аз офатҳои сафар дар амон бошем.

Вале ҳангоме ки зангӯлаи корвон аз наздик ба гӯш мерасид ва Камол саросема мехост аз ҷой бархезад, натавонист. Ларзид ва калавид.

— Чӣ дарди ҷонқоҳе! — даст ба сина гузошта оҳ кашид ӯ.— Тире гӯё дилро сӯрох намуд. Дардо, ки дӯстам, орзуи дидани қабри Орзуро гӯё ба хок мебарам... Хайр, ман ба шумо дили худро медиҳам,— Камол аз зери болин куллиёти дастнависи худро мегирад.— Ин девони ман аст. Ҳашт ҳазор байт ғазалиётро, ҳам қитъаот ва рубоиёт ва муфрадот ва муаммоиён дарбар мегирад. Чун мардумаки дида муҳофизат кунед ва ба мардуми маъвои дили ман бирасонед.

Шоир зорӣ менамояд, ки Давлатьёр аз ҳамон корвон намонда, баргардад, ҳарчанд ки дӯсташ ӯро ба чунин аҳвол гузошта рафтан намехост.

Чунин аст нақли ҳамшаҳриёни Камол, ки дар ҳангоми навиштани драмаи мусиқии «Дили шоир» бароям маъхази мӯътабар буд ва далели дурустии он ашъори фаровони дар ёди диёр гуфтаи шоир ва алалхусус ғазали «Ғарибӣ»-и ӯст.

XVII

Халоиқ дар ҳамаи замонҳо соҳибдилони ҷӯяндаи адлу инсофро ҳамеша дӯст медоштанд ва медоранд.
Соҳибқаламони ҳақиқатнигор ҳамчун ифодагарони орзуҳои неки мардум ва ҳамчун шарики шодию ғами ӯ ҳамвора маҳбуби халоиқ буданд. Камол ҳам аз ҷумлаи онҳост. Вале аз ҳамин муҳаббати гарми мардум ба шоир муфтхорон низ бебаҳра намонданд. Баъди чанд гоҳи вафоти Камол, он вақт, ки темуриён мардумро на танҳо бо зарби найзаву шамшер, инчунин бо дину оин низ мутеъ ва амрбардори худ менамуданду дар дашти бедиёри қазоқ мақбараи шоири суфӣ Хоҷа Аҳмади Ясавӣ, дар Самарқанд мазори Хоҷа Аҳрор, дар Хӯҷанд қабри Шайх Муслиҳиддинро бунёд намуданд, мақбараи Камолро низ дар ҷойи ҳавлии ӯ сохтаанд. На фақат шайхон, балки бисёр хӯҷандиёни авом ҳам мепиндоштанд, ки шоир дар ҳамин ҷо дафн шудааст.

пешина
аз 447
навбатӣ