Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа
Зеро Боязиди аз васли Орзу ноумедшуда ба ғазаб омада, амр ба дастгир намудани вай дода ва мукофот барои дастгиркунанда муайян карда буд.
Камол аввал ба Шош омад ва чун дар он ҷо ҳам аз зулму хунрезиҳо озурдадил гардид, ба Хоразм рафт ва пас аз чанд гоҳе ба Ҳиҷоз сафар намуд. Дар бозгашт аз он ҷо дар Табрез монд. Ҳамаи маъхазҳои Шарқ ва аз онҳо гирифта, сарчашмаҳои дигар мегӯянд, ки Камол обу ҳавои Табрезро писандида, боқии умрашро дар ҳамон ҷо гузаронд.
Вале нақле ки аз авлод бар авлоди хуҷандиён гузашта, то ба замони мо расидааст, чизи дигарро мегӯяд. Дӯсти Камол Давлатьёр муддати мадиде бар алайҳи ғасибон ҷангида дар пиронсолӣ аз талошҳо монда шуда, мехост ба Макка равад. Ӯ дар Табрез дӯсти худро ҷустуҷӯ намуда меёбад. Камоли дар ғами ёру диёр пиру бемадор ӯро дида мамнун мешавад. Вале чун аз азми Маккаравии дӯсташ воқиф мегардад, дасти надомат ба пешонӣ мезанад ва зорӣ мепамояд, ки Давлатьёр ба назди ёрони худ, онҳое ки ниқор аз душманон мегиранд, баргардад.
Ба каъба чӣ меравӣ дилеро даръёб,
Беҳтар зи ҳазор каъба бошад як дил.
мегӯяд ва тавалло мекунад, ки парчами озодихоҳонро муқаддас донад ва онро ҳаргиз хор накунад, ки гуноҳе мебуд басе азим.
Давлатьёр ба ин таклиф розӣ мешавад, ба ҳамин
шарт, ки Камол ҳам ба ватанаш баргардад.
— Ин орзуи деринаи ман аст, — мегӯяд ӯ. — Дар ин мотамсаро ғариберо оё метавон пайдо кард, ки дар чунин бекасию дармондагӣ ёди ватан накунад? Оё ман ғарибиро худ ихтиёр кардаам? Ҳаргиз на, дӯстам. Дар бозгашти Ҳиҷоз корвони мо ба ҳамлаи ҷамоаи калони бадавиён дучор гардид, ки тороҷамон карданд. Пиёда ва безоду роҳила мондам ва бо сад машаққат то ба Табрез расидам. Пас заъфи пирӣ ва дурии роҳ маро аз сафари диёр боз медошт. Бигӯед, ки маро дар диёрамон оё фаромӯш накардаанд?
— На, ҳазрат, — мегӯяд Давлатьёр аз қарордоди
Камол бағоят шод шуда. — Таманнои дидани дидору
шунидани гуфторатонро доранд. Имрӯз дар бошишгоҳ
воқиф шудам, ки ду корвони тоҷирони Мовароуннаҳр

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор