Зеҳн
Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа

АдабиётҚиссаТаърих
Аз аввал хондан

нигариста даҳони калон ва чашмони аз будашон ҳам тангтар шудаи ӯро дид. Бурутҳои борик дар ду домани лаби вай меларзиданд. Ҳама то баромадани оби чашм рӯдакан шуда механдиданд ва Камолро масхара мекарданд. Шоир пушт ба онон гардонд, ки тозон аз ин қаҳ-қаҳагоҳ барояд ва агар худо нохоста он овоз дар ҳақиқат овози Орзӯяш бошад, дастгирӣ намояд. Аммо пешопеш он амалдори қаҷпой, ки бо хон гӯшакӣ карда баромада рафта буд ва аз қафо ду нафар сарбоз Орзуро кашон-кашон меоварданд. Чӣ манзараи даҳшатоваре медид Камол! Зулфони ҳам андар ҳами шабгун ба рӯи чун моҳи шаби чордаҳ тобу тобон ва ба китфҳои нозуки вай парокандаву парешон. Остини кандашудаи дасти булӯрини ӯ овезон ва бим дар чашмони фаттонии вай намоён буданд. Орзу аз ҳама пеш Камолро дид ва фарёд зад:
— Хоҷа, Камолиддин, маро наҷот диҳед!
— Парвардигоро! Наход ин туӣ, Орзу! Ин чӣ беинсофӣ ва золимӣ! — наърае аз қаъри дили Камол берун омад. Ӯ тохту шитофт, ки Орзуро аз банд раҳоӣ диҳад, вале ду каси гӯё фавран аз замин баромадаю дар қафо ҳозиршуда аз ду банди дасти ӯ маҳкам гирифт. Хон ба ишора фармуд, ки Орзуро сар диҳанд. Ӯ рӯйро бо остин пинҳон намуда чанд қадам сӯи Камол ниҳод, вале Боязид садди роҳаш шуд. Вай ҷамоли бо камоли духтарро мехост гӯё хубтар бубинад, лекин бонги Камол қариб буд ӯро як қад парронад.
— Хон, даст нарасонед, ки домони исмати ин духтар пок аст! — гуфт ӯ.— Шумо, ки даъвои одилӣ доред, исбот намоед. Орзу ёри вафодори ман аст ва ҳамаи он чизе, ки аз ишқи пок гуфтам, шаммае аз мадҳи муҳаббати ӯст.
Камолро бо ишораи хон кашон-кашон берун бурданд. Мехостанд ӯро ба зиндон андозанд, вале Давлатьёр ном дӯсташ, ки саркардаи як гурӯҳ сарбозони Боязид буд, хушбахтона ба гурезондан муяссар шуд. Аммо бегоҳон хабари ҷонгудозе синаи Камолро сӯрох намуд: Орзу баъди аз дарбор берун карда шудани дилдодаи худ аз ҷаҳон дил барканд ва маргро аз бешарафӣ афзал донист. Ҳанҷареро аз ғилофи сарбозе кашида ба дил халид ва ба ҳалокат расид. Камоли мусибату мотамзадаро ҳарчанд, ки намехост, Давлатьёр ва дӯстони дигараш зуд аз шаҳр шабонгоҳ гурезониданд.

пешина
аз 447
навбатӣ