Зеҳн
Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа

ТаърихАдабиётҚисса
Аз аввал хондан

вайрон хонда, дар худошиносӣ ва дарборгурезӣ айбдор намуда гуфт, ки кулли шайъин ярҷиҳу илло аслиҳӣ*. Падари Камол ҳам ҳар чанд мударрис, аммо дарборгурез ва зӯҳду зоҳидпарҳез буд. Ӯ ҳам муқаррабиро ба боргоҳи олӣ ор мепиндошт, ҳарчанд насабу номи акобир дошт.
— Ин акобирзода ҳам айнан чунин аст. Даъвои маро худи ашъори ӯ тасдиқ мекунанд. Оё инро шумо нагуфтаед? — хитоб намуд ӯ.

Қасри амал чӣ мекунӣ? Равзани дилкушо бубин,
Кулбаи фақр хуштар аз шоҳнишини хисравон...

Имом овози ҳирриву чирросиашро сар дода рӯй ба осмон овард ва ба худо илтиҷо намуд:

Ё раб, раво мадор гадо мӯътабар шавад,
Гар мӯътабар шавад, зи худо бехабар шавад.

Қозӣ ҳам қарздормониро раво надид. Ӯ сарпечиро аз амри хон маъсияти басе азим ва Камолро, ки чунин мақому манзалати олиро написандида, шоири дарбор, вассофи малик шудан намехоҳад, ҳам дар назди худо ва ҳам шариати мустафо гунаҳгор ва сазовори ҷазои босазое эълон намуд. Сипас суханро боз муҳтасиб, аз ӯ имом, аз вай амалдори ҳарбӣ, ҳатто як садри маҳаллае ва аз он боз қозӣ гирифтанд ва чун ҳар кадоми ин муддаиён таъсиру мақбули гуфтаҳои худро ба хон фаҳмиданӣ шуда таъзимкунон ба вай рӯй меовард, ӯ низ бо заҳрханд ва талхгӯй ба он мададгорӣ мекард.
Ба арзу дод ва ҷавобҳои Камол ҳеҷ кас гӯшу эътиборе намедод. Ҳама чун занбӯроне, ки ба лонаашон чӯб халидаанд, ба ӯ дарафтода буданд.
Дар ҳамин асно фарёди фалакпече аз даҳлези боргоҳ ба гӯши Камол расид ва дили бебоки аз ҳамаи ҳамлаҳо наваҳмидаашро ларзонд. Ларзае аз мӯи сар то нохуни по бо қувваи барқ давид. Ин овози Орзу буд. Ӯ беихтиёр бо овози ба ҳама шунаво гуфт: «Ё раббӣ! Худо нахоҳад!».
Ба хон пайравӣ намуда ҳама хандиданд. Хандаи хон ба гӯши шоир чун садои шақилдоке мерасид, ки посбони маҳалла мезад ва дар хурдсолӣ аз вай дар дили Камол чӣ гуна ҳарос пайдо мешуд. Шоир ба хон

1 Ҳар чиз ба асли худ мекашад.

пешина
аз 447
навбатӣ