Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа
шуданд. Ҳама ба гургони гуруснае мубаддал шуданд, ки тайёранд барои тӯъма ба ҳам дарафтанд.
— Мо пиндоштаем, ки ту бо узри гуноҳонат омадай. Намедонистем, ки ба мо баҳри пандгӯй ва таълими адлу инсоф ин ҷо ҳозир шудай, — лаб ба истеҳзо кушод малик.
— Чӣ гуноҳ аз ман содир шуда буд, ки узр мебоист бихоҳам? — саволи бебоконае дод шоир ва ҳуш аз сари баъзеҳо парид, ки барои ин беодобӣ хон ба ҷаллод рафту сари ӯро аз тан ҷудо кун нагӯяд ҳам ногузир мефармояд, ки даррав ба тахтапушти лучаш зананд.
Малик бо ишораи чашм касеро ба ҳузури худ хонд ва ба гӯшаш чизе гуфт. Вай бошад, аз ин ногаҳон гӯё шукуфт, ки дар рухсори мисли рӯи асп дароз ва чун аз кулӯх тарошидашуда як навъ хандаи нозебе падид омад. Дар навбати худ ӯ низ даҳон ба гӯши хон бурд ва аз хандаи пинҳонӣ китфонаш ларзиданд. Боязид ин бор сипоҳона сар ҷунбонд. Баъди ин мулозим поҳои качашро паҳн-паҳн даббаёна гузошта аз дари паҳлӯ берун рафт ва хомӯшие, ки дар ин миён ҳукмрон буд, қатъ гардид.
Камол ҳеҷ гоҳ ба хаёл ҳам наоварда буд, ки соҳибмансабон ва зоҳидон ба ӯ ин қадар низоъ ва хусумат, буғз ва адоват доранд. Ӯ медид, ки ҳама, беистисно, ба пора-пора намудану хомохом хӯрданаш омодаанд.
Истеҳзо ва пичинги саркардаи ҷалоирон ибтидои ҳамлаю маломатҳое шуд, ки шоир намедонист аз кадомаш худро муҳофизат кунад ва кадомашро ҷавоб гӯяд.
Пеш аз ҳама ӯро муҳтасиб ба тахтакаш кашид. Ӯ гуфт, ки Камол адлу инсофҷӯиро баҳона менамояду ҷалоиронро нисбат ба ситампеша медиҳад. Ӯ гӯё аз мулоқот ва мунозира пешакӣ воқиф буд, ки барои айбдору мазаммат намудани шоир ашъори ба қавли вай осиёнаву ёғиёнаи ӯро бо худ овардааст. Аз кисаи бағалӣ дафтареро баровард ва ба хондани он байту қитъа, ғазалу сатрҳое даромад, ки дар онҳо аз ҳиҷрон, зулм ва мазлумӣ сухан мерафт.
Имоми масҷиди ҷомеъ муҳтасиби аз ҷон коҳонданаҳразанӣ даҳонаш каф намуда ва аз ҳар тори мӯяш арақ чакон-чаконшударо гӯё танаффӯс доданӣ шуд.
Чанд байти риндонаи дар маломати зоҳидон гуфтаи шоирро ба мисол оварда, беинсофона онҳоро ғалату

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор