Зеҳн
Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа

ҚиссаТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

— Барои ташриф рӯзи хубе интихоб намудаӣ,— гуфт Ҳон ва қиёфаи ҳозирин, ки то ин дам ба Камол бо намуди ришханд менигаристанд, тағйир ёфт.— Мо аз саркашию гардантобии ту ранҷида будем. Аммо ту, ки ба базми разми зафаровари мо ҳатто бехабар омадӣ, аз гуноҳи сарпечиат гузашта метавонем. Албатта ту огоҳ шудаӣ, ки мо дар наздикии Истаравшан темуриёнро торумор намудем. Боқимондагони онҳоро то саҳрои Зомин таъқиб намуда, ғанимати бисёре ва асирон гирифтем. Базме, ки имрӯз дорем, ба шарафи ҳамин болодастии ҷалоирон бар хасмашон мебошад.

— Шаҳриёри бомарҳамат,— сар ба таъзим андак хам намуд Камол.— Ман омадам, ки арзи додхоҳонро ба ҷанобашон бирасонам, варна шоир куҷову базми дарбор.

Боязид ба касе ишора намуд, вай буғҷаеро чолокона оварда кушод ва ҷомаи зарбофти лолагуне ба китфи шоир партофт. Аз ҳар тараф овози «муборак, муборак!» баланд шуд. Шоири даступогумкарда аз қафояш пичирросе шунида монд: «Хилъат пӯшиед, миннатдорӣ кунед, охир. Наход, акобирзода аз чунин расму қоида огоҳ набошанд». Шоир сурх шуд.

— Ман аз илтифоти малик беҳад миннатдорам, вале камина арзе ба давлатпаноҳ дорам, ки ба андешаам шунидани он чӣ дар базм ва чӣ дар разм султони одилро аз фоида холӣ нахоҳад буд.

— Аҷабо, ин чӣ арзест, ки гуфтани он ҳам дар базму ҳам дар разм ҷоиз аст? — пурсид Боязид.

— Оё малики ҷавонбахт хабар доранд, ки шӯрбахтони номашон Сангин, Пӯлод ва Темурро даст мегиранду барои маҳкамӣ ва пойдории кӯҳандез гӯён зинда ба зинда чун хишт ба девор мегузоранд ва ин тааддиро аз номи шумо мекунанд? Ин ҳама одамоне, ки имрӯз ба ин ҷо ҷамъ омадаанд, шоҳиди ҳоли табоҳ ва нолаю оҳи садҳо падару модарон ва кӯдакони он фалакзадагон буданд, ки ба шаҳриёри бокарам додхоҳӣ карда омадаанд. Лекин ононро на танҳо ба назди шумо намегузоранд, балки бемурувватона зада аз дарвозаҳои қалъа дур меандозанд.

Қиёфаи Боязид ба куллӣ дигар шуда, ба ҳайкале
шабоҳат пайдо кард, ки аз санг сохта шудааст. Дар як
сония ҳамаи ҳозирин ҳам, ки нафасе ба Камол гӯё
меҳрубонона нигоҳ мекарданд, бӯқаламунвор дигар

пешина
аз 447
навбатӣ