Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа
Камолиддин ба саҳни калони ӯрдаи кӯҳандез баромад. Саҳн дарахт надошт ва аз ин рӯ аз гармо гӯё месӯхт ва ҳамаи ҷонзоди он ҷо дар сояи девори қалъа паноҳ меҷустанд. Аз паси одамон шоир дохили боргоҳ шуд. Вай хеле калон буд. Зери по қолинҳои қиматбаҳо ва бузург густурда, дар ду ҷониби тахт чанд курсӣ ва поёни он катҷаи панҷара-такя гузошта, хонҳои пури анвои нозу неъмат ба рӯи хонтахтаҳо кушода шуда буданд. Ҳар кас аз рӯи мақому мартабаи худ ба ҷое менишаст, вале шоири ҷавон рост монд. Касе ӯро нанишонд ва касе ҳам ба ӯ гӯё эътиборе намедод. Ҳангоме ки дар боргоҳ ғайр аз тахти хон ҳафт-ҳашт ҷои дигар холӣ монда буду бас, аз даре, ки ба хонаи дарун кушода мешуд, як марди босалобат берун омада хабар дод.
— Малики ҷавонбахт, султони султонон, нури чашми ҷолоирон Боязид ташриф мефармоянд!
Тамоми ҳозирин чун галаи зоғон, ба қавли маколе сад калоғро як кулӯх кифоя, гурри аз ҷой бархостанд ва сари таъзим фуруд оварданд.
Боязид, марди миёнсоли хушқадду баст, ки китфҳои васеъ, сандуқи дили ба пеш дамида, рухсори гандумгун, чашмони думдори танг, абрувони камонвор қач, бурутҳои борик ва дар манаҳ андак риш дошт, аз болои ҷомаи остиндароз ҷомаи маҳмалини зарбофти кӯтоҳостин ба китф андохта буду ғайр аз сарангуштҳо тамоми панҷаҳояш нигинҳои гуногун хотам доштанд.
Ӯ мӯзаи сокдароз дар по ва кулоҳи султонӣ дар сар дошт, ки чи гуна санги лаългун ба он шинонда шуда буд. Боязид бо карру фар ҳамаро аз назар гузаронида баромада, бари ҷомаро ба ду тараф андохта, ба тахт нишаст ва сар ҷунбонда ба дигарон иҷозати нишастанро дод. Ҳама бо таъзим нишастанд. Ин вақт назари хон ба шоир афтод, ки рост меистод. Нашинохт. Ӯ ҳамаи онҳоеро, ки дар чунин рӯзҳо ба боргоҳ даъват мешуданд, медонист. Вале ин ҷавони хушрӯи сафедпӯст ва дар миёни абрувонаш холи сиёҳи калон доштаро бори аввал медид. Малик ба яке аз дарбориён, ки ба тахт наздик менишаст, нигоҳе кард. Вай филфавр аз ҷой бархоста даст алифлом намуда гуфт:
— Ба побӯсии муборак шоир Камолиддин ибни Масъуд мушарраф шудааст.
— Ба арзу додхоҳӣ омадаам, — гуфт шоир.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор