Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа
салла баст ва аз дари боғ берун рафт. То ба кӯчаи калон баромад, ки имдодталабони атрофаш зиёд шуданд. Вале чун ба дари кӯҳандез наздик шуданд, ҳама даст ба дуо бардошта, ба ӯ забони гӯё талабида монданд. Ҷавон ба дарвозаи бузурги рӯ ба шарқи қандакориноки ӯрда омад. Ғайр аз ду посбони найза дар даст, ки аз чап ба миён шамшерҳои қачи ғилофашон гулдӯзидор ва аз рост тирдону ба кифт камонҳои калон овехта буданд, як нафар аз муқаррабони дарбор ояндагонро мувофиқи манзалат ва мақомашон пешвоз мегирифт. Ба ҳама «рост ба боргоҳи малик» гӯён пешгоҳи ӯрдаро ишора мекард. Ҳама ба сӯи бинои аз дигар иморатҳои атроф фарқ доштаи баланд ва пешайвондор мешитофтанд. Дар ду ҷониби зинапояи айвон ва баъд дар ду тарафи даромади боргоҳ боз ду нафар сарбози мусаллаҳ меистод. Ҳама пеш аз қадам гузоштан ба роҳрав ба рӯи сипоҳиён нигоҳ мекарданд ва пас аз табассуми ҷавобию «дароянд, лутфи малик беҳад» гуфтани онҳо ҳар кадом ба навъе «умри малик ҳазор» мегуфтанд.
— Ин тарзи қабулро қабилаи Ҷалоирони муғул ҷорӣ карда буду бе риояи он на фақат мансабдорон, балки меҳмонони мамолики дигар ҳам ба боргоҳи Боязид қадам гузошта наметавонистанд. Ғайр аз муқаррабони боргоҳ ба маросими онрӯза одамони номии шаҳр, заминдорони калон, қозӣ, мӯҳтасиб, ки садри эҳтисоб ҳам ном дошт, имоми масҷиди калони ҷомеъ ва амалдорони шаҳрҳои атроф хабар карда шуда буданд. Дар чунин ҳолат дар дами дарвоза шоири ҷавон ҳам ҳозир шуд ва рухсати ба ҳузури хон даромаданро хост.
— Оё шумо ба зиёфати имрӯза хабар шудаед?— пурсид аз ӯ муқарраби боргоҳ.
— На, аз ягон зиёфате хабаре надорам. Ман арзи мардумро ба малик бурданиам.
— Ҷаноби малик имрӯз додхоҳонро қабул намекунанд. Шумо кистед?
— Ман шоир Қамолиддин ибни Масъудам, — гуфт ҷавон.
— Маъзурам. Ман рухсат гирифта меоям.
То мансабдор гашта омад, ки дар дами дарвоза хеле мардум ҷамъ омаданд. Ҳама ба шоири ҷавон аз зери чашм менигаристанд ва оҳиста байни худ чиҳо мегуфтанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор