Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа
Орзуро нигоҳ чун тир аст,
Дили худро нишона мегуфтам.
Булбул ба шохи зардолуе парида омад, ки ҷаҳҷаҳаш ба гӯши шоир баланд расид ва қалам ба рӯи коғаз гузошта, чашм ба ҷониби ӯ дӯхт. Вале дидани булбул на ҳамеша осон аст. Вай мурғи майдаи хокистарранг, бештар дар паси баргҳо менишинад ва аз зоғсари соҳибчангол худро пинҳон мекунад, ки дар айни мастӣ аз замзамаш ба чанголи вай наафтад.
Шоир онро надид, вале дигар таълифи ғазалро идома ҳам дода натавонист.
— Хоҷа! — овозе аз паси девори рӯ ба рӯ ба гӯшаш расид.— Шумо дар куҷоед? Ман як фалокатзадаам. Ба фарёдам бирасед.
Ҷавон тозон рафт ва сар аз девори похса баланд намуда, марди бегонаи гарди ғам ба рӯяш нишастаю гирёнро дид, ки имдод металабид. Ӯ фавран аз девор ба кӯча фуромаду арзи дилҳохро шунид. Ӯ мегуфт, ки нури дидагонаш ягона фарзандеро, ки Сангин ном дорад, сарбозон дастгир намуда кашон-кашон бурдаанд, ки ба девори кӯҳандез хобонанд, «Худоё, ин чӣ гап? — мепурсид ҷавон. — Ман дишаб дар ин боб ба гуфтаҳои Орзу бовар намекардам, пас ин рост будааст». Падари шӯрбахт бо зорӣ хоҳиш менамуд, ки ҷавон ҳамчун баргузидаву обрӯманди халоиқи Хуҷанд ба хони ҷалоириён арзи фалокатзадагонро бирасонад.
Дар чунин кори хайр таъхир боиси фалокат мегардад. Ӯ қавл дод, ки ҳозир ба кӯҳандез равад. Шоир ин дам гӯё фаромӯш карда буд, ки мулоқот бо дарбориён барои худаш хатарнок аст. Боз аз девор худро ба даруни боғ гирифт. Тозон ба назди модар омад ва сурфид, ки Орзу нашармад ва рӯй пинҳон накунад.
— Ман бо кори заруре ба як ҷо рафта меоям,—
гуфт ӯ.
— Туро ошуфта мебинам,— дар ташвиш монд модар.— Куҷо ин қадар мешитобӣ? Оё воқеаи ногуворе рӯй додааст ё...
— Осуда бошед. Ҳеҷ воқеа рӯй надодааст, ман дер намекунам.
— Ба ҳар оина мегуфтӣ, ҷони модар, ки ба куҷо
меравӣ ва маро дар изтироб намеандохтӣ.
Ҷавон чӣ гуфт, ки модар нашунида монд. Ӯ яктаҳи
як раҳ сабзу як раҳ сафеди абрешиминро пӯшида рафтаравон

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор