Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа
мавҷҳои маҳини об бархӯрда, болову поён шуда, ба лаби ҳавз наздик шуд. Дар ин ҳангом қурбоқае худро ба об андохту «заврақ»-ро чаппа намуд. Вай як нафас дар ҷои худ чарх зад. Вале боди мухолифе аз сӯи дигар вазида, онро гирифта бурд. Орзу, ки инро тамошо мекард, наздик шудани шарфаи поро шунида, рӯ ба зан овард:
— Холаҷон, ангури пешпазаки мо нағз пухтааст, як-ду сар биёрам?
— Чиллагии сафед ё сиёҳ?
— Сиёҳ. Ман медонам, ки шумо вайро дӯст медоред.
— Ҳаял накун. Орзуҷон, ки ҷои хунук нашавад. Матоз, ҷони хола, ки аз касал бархостаю канда нашавӣ, — гуфт аз паси ӯ нигоҳкунон зан.
Духтар рафт. Аз рахнаи девори байни ду боғ гузашт. Аз он ҷо ҳам овози мисгар ва ҳам духтар ба гӯш мерасид ва ҳанӯз фурсати як пиёла чой нагузашта, ӯ баргашта омад. Дар даст ду сари на он қадар калон, вале донаҳояш ба ҳам ҷафси дурахшони ангурро овезон карда омад.
— Имсол ҳамин токамон чунон ангури бисёр кардааст, ки намедонам бардошта метавонад ё не, — гуфт ӯ сархоро дар оби ҳавз андохта пасу пеш ва болову поён намуда.
Зану духтар машғули нонушто шуданд ва ҷавон лаълиро гирифта таг-таги дарахтон ба канораи боғ ба ҷое рафт, ки аз дарахтон холӣ, барги сабзии миёнсолӣ як ангушт аз замин баланд шуда буд. Се хати як тараф ҳишова карда шуда буду дигар ҳама ҷо қариб дар зери алаф монда. Ҷавон аз саргаҳи кишт ҷои мувофиқ пайдо карда, ҷомаро ба рӯи алафи аз шабнам ҳанӯз тар кушод ва нонеро пора намуда гузошту як пораи онро ба пиёла андохта аз болояш чой рехт. Лекин пораи ба даст гирифтаи нопро боз ба ҷояш гузошт. Гӯш ба овози булбуле дод, ки аз он гӯшаи боғ нолаву фиғон мекард. Ӯ сафина ба даст гирифт. Даҳони давоти сарпӯшдори мисинаро кушод ва аввал чанд сатри бадоҳатан дар назди Орзу гуфтаашро ба қалам овард ва баъд ба ғазали тоза шурӯъ намуд.
Дӯш бо худ тарона мегуфтам,
Ғазали ошиқона мегуфтам,
Дар миёни ситораҳо маҳро,
Пеши ҳуснаш миена мегуфтам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор