Зеҳн
Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа

АдабиётҚиссаТаърих
Аз аввал хондан

буд? — аз ҷудоӣ ва фироқтарсид ҷавону дилаш фишурда, нафасаш танг шуда, сандуқи дилро кафмол кардан гирифт.

— Ба шумо чӣ шуд, Хоҷа? Бемор-ку нестед? Гӯё имшаб бедорхобӣ кашидаед, чашматон пури хоб. Раве-ду андак фарогат кунед. Имрӯз рӯзи чӣ? — пурсид мисгар. — Панҷшанбе, ман гумон кардаам, ки ҷумъа. Аз ин мебарояд, ки шогирдопатон имрӯз ба дарсгирӣ намеоянд. Эй, ман чӣ мегӯям? Аз омадани шумо охир онҳо ҳоло бехабар-ку. Тез раведу Хоҷа, дам гиред. Орзу дар пеши волидаатон мешавад. Оё малол наме-омада бошад?

— Ҳаргиз малол намеояд. Дар ин боб ҳатто фикру андеша ҳам накунед, амак.

— Илоҳӣ худованд обрӯи шуморо аз ин ҳам зиёда кунад, омин, — мисгар кафи обиланоки дастҳояшро ха-шар-хашар ба рӯй молид.

Баъди ин Камол ба боғи худ даромаду мисгар як нафас бо як нафаре ки бо дастқадуи калон барои об омада буд, парешонпоя сухан гуфта, ба боғи худ рафт. Ҷавон дари боғро кушода, Орзуро дид. Ӯ ба оташдон оташ афрӯхта, зоҳиран чой меҷӯшонд ва бо остин лабу даҳонро пинҳон намуда, ба тарафи ӯ ниго-ҳе афканд. Ҷавон, фосила ва мобайн хеле бошад ҳам, табассуми ӯро дид. Вай медонист, ки дар ҳангоми та-бассум ва шакарҳанда чашмони духтар ба хумор моил ва чоҳи занахдонаш намоёнтар мешуданд. Духтар сар-бандро кушоду аз зери манах баст, то рӯи ӯро низ пинҳон кунад ва домони куртаро поёнтар кашид, ки пойҳояш напамоянд.

Ба истиқболи ҷавон зани бо вуҷуди калонсолӣ ҷа-вонона хушрӯю нозукандоме, ки ба ҷавон бо чашму бинӣ ва тарҳи рӯй хеле шабоҳат дошт, равона шуд.

— Ассалому алайкум, модарҷон.

Ҳарду таъзим намуданд.

— То имрӯз мехостӣ сабзии поёни боғро хишова кунӣ. Дар ҷоғаҳат туро надида, гумон кардам, ки дар он ҷо ҳастӣ, дар кӯча будӣ? — пурсид модар.

— Тулӯи офтобро тамошо мекардам.

— Бе сафинаю қаламе? Оё...

— Ғазалро ба сафҳаи хотироти худ навиштам.

— Ҳофиза на ҳамеша ва на ҳама чизро маҳфуз медорад, ҷони модар, — модар ба лаби оташдон ишора

пешина
аз 447
навбатӣ