Зеҳн
Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа

ҚиссаТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

Аспакиҳо ва садри маҳалла ба ҳамгашти соҳил рафтанд ва ҷавони ба ваҳмафтода ҳанӯз аз қафои танаи бед намебаромад. Ногоҳ овози мисгар ба гӯваш расид ва ӯро гӯё ба ҳуш овард.
— Камолиддин, шумо дар куҷоед?
— Ман дар ин ҷо амак, — ҷавон қомати баландро ҳамонда аз обгир ба пешбанд баромад.
— Онҳо кӣ буданд?
— Он ду савора яқин аз сарбозони Боязид буданду пиёда — садри маҳалла.
— Ман бошам гурдакаф шудам. Тохта рафта, Орзуро ба боғи шумо гузарондам, ки волида пинҳон кунанд. Садри худамон буд гӯед. Ман беҳуда тарсидаам.
— На беҳуда, — гуфт ҷавон ва чанд нафари яке кӯза дар даст ва дигаре барои хабар гирифтан аз обхезӣ баромадаро дида, аз бағали мисгар гирифт ва ба тарафи кӯчабоғ кашид. — Аз ҳама хатарноктар садр аст.
— Худоё, чӣ мегӯед! — чашмонашро калон кушод мисгар.
— Рост мегӯям, ки вай мунофиқ аст. Мо ғалат кардаем. Боғи шумою моро ба сарбозон нишон дода, «хуб шуд, ки дида мондед» мегуфт.
— Парвардигоро!
— Эҳтиёт лозим аст. Аз гуфташон оҷизаатонро гӯё Шаҳрбону дида, зери чашм кардааст.
— Эй, вой! — каф ба пешонӣ зад мисгар ва чашмонаш пури ашк шуданд. — Ин албастӣ кай ба ҳавлии мо омадааст, ки ман бехабарам? Акнун чӣ мекунем? То ин вақт ман осуда будам, ки бе ягон музд барои садр чанд лаган, дастшӯй ва чойҷӯшу чойбодкаш, кӯзаи мисина сохта додаму вай намемонад, ки золимон ба остонаи ман биёянд. Оё ӯ шуморо надид? Не? Хайрият. Агар дар ҳақиқат мунофиқ бошад, шуморо ба балое гирифтор карда метавонад.
— Маро ношукр меномиданд.
— Ношукр? Чаро шумо ношукр будед?
— Шояд барои шоири дарбор шуданро нахостанам бошад.
— Фаҳмидам, Хоҷа. Рӯзи ҳамаамон сахт. Аз дасти инҳо ба куҷо гурезем, ки халос шавем. Шабона Орзуро ба заврақ шинонаму ба он тараф гузаронда, ба даруни кӯҳ гирифта равам, чӣ мешуда бошад?
— Шумо гумон мекунед, ки дар он ҷо осуда хоҳед

пешина
аз 447
навбатӣ