Зеҳн
Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа

АдабиётҚиссаТаърих
Аз аввал хондан

бархост мисгар ва каф ба пешонӣ гузошта, ба роҳи борике нигоҳ кард, ки аз он ду нафар аспакӣ ва пешопеш пиёда меомаданд. — Хоҷа, бархезеду ба боғ дароед. Баногоҳ мулозимони Боязид набошанд.

Худи мисгар бошитоб ба боғ даромада рафт. Ҷавон ҳам аз рӯи эҳтиёт ба обгир фуромаду худро ба қафои танаи ғафси беде гирифт, ки ковоки калони даруни пӯкшудааш як одамро бемалол пинҳон мекард. Тапартапари пои асп ва суханони савораҳою пиёда торафт аз наздик шунида мешуданд.

— Боғи мисгар ана ҳамин аст. Он тарафаш боғи
Камолиддини писари Масъуд.

Ин овозро ҷавон шинохт, вай садри маҳалла буд.
Ӯ ба дасткушодию бечорапарварӣ ном бароварда буду мегуфтанд, ки аз вай одамони Боязид норозианд ва ба ҷояш каси дигар меҷӯянд.

— Дида монданамон бад нашуд,— гуфт яке аз савораҳо.— Имрӯз набошад, фардо ба ин ҷо ҳам меоем.
Духтараш дар ҳақиқат зебост?

— Худам надидаам, лекин аз гуфти Шаҳрбону мӯрчамиёну пистадаҳон,— пиқ-пиқ хандид садри маҳалла.

— Аз ин мебарояд, ки ин мударрисзодаи ношукр ба ин мӯрчамиёнатон ҳамсоя будааст-дия — гуфт савораи дигар.— Шоирмардум ба дилбарӣ усто мешаванд. Хабардор будан даркор аст, ки шарбати васли духтарро аз султони мо пештар начашад.

— Аз ин бобат хавотир нашавед,— боварӣ дод садри маҳалла.— Духтар се сол боз бемор буд. Аз гуфташон акнун як навъ сиҳат шудааст. Монед, ки андак баданаш об гирад. Боз монандӣ он дафъаина «духтар овардӣ, ё як банд най, ки аз банд-бандаш қариб аст ки ҷудо шавад», нагӯянд ҳазрати султон. Хи-хи-хи...

Хуш аз сару ранг аз рӯи ҷавон парид. «Шаҳрбонуи далла, ки боргоҳи Боязидро аз канизон пур кардааст, Орзӯро ҳам зери чашм карда мондааст. Метавонанд имрӯз ё фардо ин аспакиён оянду ҷон аз тани ман рабоянд, худо нахоҳад! Ман чӣ мегӯям? — бо ваҳму ҳарос аз худ пурсид ҷавон.— Мо чӣ соддалавҳонему эътикод бар ин садри маҳалла доштем, ки бебок аст ва амалдорони Боязидро намеписандад. Ӯ мунофиқ аст.
Хатарноктарин душмани мардум. Лоф мезанад, ки тарафдори адлу инсоф асту дар амал хизматгори содиқи золимон».

пешина
аз 447
навбатӣ