Зеҳн
Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа

ҚиссаТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

ба сӯи ӯ доштанд. Мисгар дар паҳлӯи ҷавон нишаст ва оҳ кашид.
— Шумо дар Самарқанд сарпаноҳе наёфтед?
— Самарқанд, падар, аз шаҳри мо пуртаввиштар.
— Ба худ эҳтиёт шавед, Хоҷа. Мегӯянд, ки — Боязид аз саркашии шумо сахт ба қаҳр омадааст.
— Медонам, амак, мегӯянд, ки шаҳри Шош нисбатан осуда ва аз он паноҳгоҳе даръёфт намуда, як қадар дар амон будан мумкин аст.
— Ин тавр бошад, ҳарчи зудтар ба он ҷо раведу якчанд вақт аз чашми инҳо дур шавед беҳтар аст, модом, ки намехоҳед мулозими дарбори Боязид бошед ё...
— Аз ман шоири дарбор намебарояд, амак,— ба ду ҷониб сар ҷунбонд ҷавон ва падари Орзу ба чашмони хоболуди хумор, мижгонҳои пайваст, пешонии фароҳ, бинии рост, лабони мисли лабони бачагона сурхи ӯ бо муҳаббати падарона назар дӯхт ва ба ҳоли ӯ дилаш сӯхт.— Аз мадҳи золим разолати зиёдтаре магар ҳаст?
— Дуруст мегӯед,— сар ба тасдиқ ҷунбонд мисгар.— Худованди таоло, мегӯянд, ки шоирро барои васфи қудраташ меофарад.
Ҷавон табассум намуд. Дар ҳамин ҷо духтари ӯ ҳам мегуфт, ки худованд шоирро барои ҳамду санояш забони гӯё ато намудааст.
— Модари шумо гуфтанд, ки барои эминӣ аз фалокат чанд гоҳ Орзу дар боғи шумо бошад. Ман аз ин меҳрубонӣ хурсанд шудам. Дар вақти набудани шумо ҳамеша ӯ дар назди он кас буд ва ҳар шаб дар боғ ҷои хобашонро дигар мекардем.
— Ман метавонам ба ҳавлии шаҳрамон равам ва ё дар ҷои дигару аз чашми одамони Боязид пинҳон бошам. Бигузоред, ки духтаратон ҳамеша бо модарам бошад, зеро он кас ҳам аксар вақт танҳоанд.
— Обрӯи шумо калон аст. Одамони хон аз омадану даромадан ба боғи шумо шояд истиҳола кунанд,— гуфт мисгар.
— Кошки,— гуфт ҷавон ва боз ҳам рӯ ба ҷониби девор кард, ки аз раҳнаи он ин дафъа аввал сарбанд, баъд тоқи абрӯй ва чашмони ҷоду ба як сония намоён ва пинҳон шуданд.
— Дӯст дар мусибату хешу ақрабо дар ноомади кор даркор мешаванд. Садои пои асп? — ногоҳ аз ҷой

пешина
аз 447
навбатӣ