Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа
буд, ба доманаҳои вай ба рӯи оби лой аксандоз шуд. Ҷавон ба мавҷи маҳини оби гулфом назар карда, ногоҳ рӯи Орзӯро диду қариб буд, ки худро ба об андозад. Духтар чашмакӣ заду ба об пинҳон шуд.
Ҷавон ба ҳуш омада, худро ба даст гирифта ва ба иншои ғазали тоза даромад.
Гуле чун сарви мо дар ҳар чаман нест,
Агар бошад, чунин нозукбадан нест.
Нашуд дил ҷуз миёни ёру ман гум,
Ба ӯ бошад яқин, боре ба ман нест.
Ҷавон сатру байтҳои гуфтаашро такроркунон шумурду акнун аз рӯи қонуни ғазалгӯияш, ки ҳар кадом аксаран ҳафт байт дошт, мебоист байти охирин бигӯяд:
Камол он мушкабӯро нек дарьёфт,
К-аз ин оҳу ба саҳрои Хутан нест.
Мехост онро ҳам дар дил такрор кунад, ки то ба қалам овардан фаромӯшаш нагардад, ногоҳ шарфаи пойро шунида, ба қафо нигариста, падари Орзӯро диду филфавр аз ҷой бархост ва даст ба сари сина ниҳод.
Марди миёнқад, сурхинарӯй, кулӯтариш, абрувонаш барроқ ва чашмонаш мисли кӯраи мисгариаш барқпош ба саломи ҷавон алек гирифта, вохӯрӣ намуд:
— Айб накунед, ки дина ба дидани шумо омада натавонистам. Саргардони обхез будам. Хайрият имрӯз хеле об баргашт. Шумо сиҳат-саломат омадед?
— Лилаҳул ҳамд, — гуфт ҷавон. — Дар сари фуқарои бечора ташвиши обхезӣ набуд, ки ин ҳам...
— Ҳамин тавр гуфтеду мондед, хоҷа! — ба ҳасрат даромад мисгар. — Ба дод омадаем, ба дод! Намедонам худованд ғами бандагони мазлуми худро кай мехӯрад. Корд ба устухон мерасад, чӣ бедодӣ! Хоҷа, рӯзе нест ки аз ин ё он маҳалла духтареро гирифта набаранд. Ду дарвозаи кӯҳандез монандӣ ду мори души Заҳҳоки морон ҳар рӯз духтаракони мардуми шӯрбахтро фурӯ набарад. Ман аз Орзу хавотир, Хоҷа.
Ҷавон лаб ба ҳарф кушоданӣ шуду лекин аз фикраш баргашт ва ба ҷониби кӯҷае, ки Орзуяш даромада ғайб зада буд, назаре афканд. Гӯё аз паси девор аз
байни сӯрохиҳои дари боғ ду чашми ҷодуи Орзу нигоҳ

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор