Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа
Камолиддин, сатри аввали байти охирро дигар кунам, — рухсат хост духтар ва боз кокулеро аз наволаи кокулон, ки гирдогирди санг ба замин пош хӯрда буданд, ба даст гирифт. Сари онро бо ангушт печонда, фурсате ба хаёл фурӯ рафту дар хами лабони ғунчаосо табассум шикаст.— Чӣ мешуд агар бигӯем, ки:
Дар орзуи рӯяш аз гирья шавам сокит,
Чун пеши Камол оям, дар гирьяи зор афтам.
— Ё ин ки...
— Не, не, ҷони азиз, аз будаш хубтар шуд, ки зоҳид зи миён рафт, — оҳиста хандид ҷавон.— Хок бар сари ӯ! Номи шумо ба ғазал ҷону сило дод. Орзу.
— Акнун рухсат диҳед, ки ба хона равам, — аз ҷой бархост духтар,— Шаб мераваду субҳ мерасад.
Ҷавон ба ҷониби Шарқ рӯ овард.
Бо субҳ бигӯед, ки бевақт мазан дам,
Имшаб шаби васл аст, нигаҳдор нафасро!
Орзу бархост ва тозон боло баромадаву поён фуромада дар торикии девори боғашон пинҳон гардид.
Ҷавон хушҳолонаю саодатмандона ба лаби дарё нишаст ва дасту рӯй шуст. Чӣ қадар вақт гузашт, намедонист. Ӯ акнун ҳис намуд, ки ҳаво хеле сард аст. Ҷомаро ба кифт гирифт. Рафтани шуда болои пешбанди ҳанӯз хокаш он қадар шиббанашуда баромада рӯ ба офтоббаро гардонд. Зебоӣ ва таровати субҳ, атрофро оро медод. Аввал чиғ-чиғи гунҷишкон, баъд аз дур кукуи мусичаҳо ба гӯши ӯ расид. Санговдаваке ба лаби дарё фуромаду лаблаби он давида, шурӯъ ба ризқҷӯӣ намуд. Чархресаке парида ба сари шохаи буридашудаи бед нишаст ва аз қафояш чор бачаи он шип-шиву чиғ-чиғкунон парида омада, гирди модарро гирифтанд.
Маълум буд, ки онҳо имрӯз ба парвози аввалин баромадаанд. Ҳар ҷо рост ояд, нишастанду даҳон кушоданд. Модар аз ҷавоне ки дар лаби дарё танҳо меистод, хавотир буду ба вай менигарист. Бачагон бошанд, парвое аз ӯ надоштанд. Чашмҳояшон дар даҳони модару фақат аз он метарсиданд, ки аз парида рафтанаш бехабар намонанд.
Сурхии рӯи об баландтар шуд. Парчами лолагуне, ки
меҳри ховар ба қуллаи кӯҳи босалобати Хуҷанд барафрошта

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор