Зеҳн
Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа

ҚиссаТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

— Ҳар шаб ба соҳили Сир мебаромадему...
— Лекин на то абад, ин гуна нуҳуфта.
— Албатта. Ҷудоӣ, фироқ, ҳиҷрон чист, ман акнун фаҳмидам. Биёед, дар ин саҳарии содиқон ба худованд илтиҷо кунем, ки ҳеҷ ошиқу маъшуқеро гирифтори ҷу- дой нагардонад.
— Омин, — дастҳои маҳинро ба рӯй кашид духтар.— Ман, Камолиддин, ғазалҳои шуморо ёд кардаам. Ягон ғазали тоза дар ғурбат оё иншо накардед?
— Навиштаам. Ғамгусори дили ғамдида ғазалҳо бу- данд.
— Лутфе кунеду хонед, шоир.
Ҷавон оҳиста-оҳиста ба ғазалхонӣ даромад:

Ҳар гаҳ, ки нокоме дур аз лаби ёр афтам,
Чун хастаи бемарҳам маҷрӯҳу фигор афтам,
Он ёр ба ман сад раҳ наздиктар аст аз ман,
Гар дур ба сад манзил аз ёру диёр афтам.

Духтар паҳлу ба паҳлуи ҷавон пайвасттар намуд ва бӯи мӯи атрогин ба машоми ҷавон расид ва ҳар ду та- пидани дилҳошонро шуниданд.
— Чӣ хуб гуфтаед, шоир! — хитоб намуд духтар.— Шумо давоми ғазалро нахондед, Камолиддин.
— Ба ҷон, — ҷавон боз хонд:

Ҳар ҷо назар андозам бе ӯ ба дарахти гул,
Дар гирҷа ба болояш чун абри баҳор афтам.

— Ҳамду сано ба худои таборак ва таоло, ки ба шоир, бандаи баргузидааш, чунин забони гӯё ато на- мудааст, баҳри дурӯди худ.
— Худованд бениёз аст. Ӯ забони гӯёро ба вассофо- ни хубон додааст, то васфи ононро кунанд.
— Давоми ғазал чӣ шуд, шоир?
— Ҳо, давоми онро ҳанӯз нагуфтаам,— ҷавон даст ба пешонӣ молид ва хонд:

Сад мавҷ занад ашкам, аз шавқи канори ӯ,
Гӯ мавҷ бизан дарё, бошад, ба канор афтам.
Бӯ зоҳид агар афтам, сокин шавадам гирья,
Чун пешин Камол оям, дар гирьяи зор афтам.

— Ман ин сатрҳоро, Орзуям, дар ғарибӣ ба ёди шу- мо гуфтаам.
— Ғазали хубе гуфтаед, офарин! Вале изнам бидиҳед,

пешина
аз 447
навбатӣ