Зеҳн
Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа

ҚиссаТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

— Самарқанд куҷою мо куҷоем! Билфарз монеае набошад, зани ин шаҳр то ба деҳоти қафои он таллу, — духтар ба қафо ва баъд рӯй ба кӯҳи баланди аз торикии шаб бадҳайбатшудаи он сӯи дарё нигарист, — ин кӯҳ рафта меояду бас.
— Маҳастӣ, ҷони ширин, духтар буд, ҳангоме ки аз ин ҷо рафту садҳо фарсахро тай намуд ва ҳоло гӯянд, ки дар мулки озариҳост.
— Ӯ гурехта буд, мегӯянд.
— Гурехта буд ё бо ихтиёри худ, ба ҳар хол рафт.
— На ҳамаи мо, муштипарҳо, дили он диловаронро дорему на ҳамаи духтарони гуреза аз балоҳо эминанд, — духтар оҳи бадарде кашид, — Се сол дард кашидам. Пушт бар бистару рӯ дар шифту осмон мехобидам. Ғайри хонаю ин боғ ва раҳи онҳо дигар ҷоеро надидам. Вақте ки шумо ба Самарқанд рафтед, дар дили бечораю сари ман орзую ҳаваси рафтан ба ҳамон ҷоҳо афтод.
— Савдои дидани Самарқанд?
— Оре, Самарқанд. Магар ин дар ҳақиқат хандаовар нест? Ман ҳатто шабе он ҷоро ба хоб дидам. Шаҳре будааст нишебу фароз.
— Пас шумо худи Самарқандро дидаед. Дигар ҳоҷати он ҷо рафтан нест.
— Падарам мегуфтанд, ки Самарқанд ноором аст.
— Бадтар аз Хуҷанди мо. Як ҷамоа худро темуриён ва ҷамоаи дигар «сар ба дорон» номида, муқобили ҳам бархостаанд ва хуни ҳазорон бегуноҳро мерезанд.
— Мисли Боязиди золими шаҳри мо, — боз оҳ кашид духтар. — Мегӯянд, ки бо амри ӯ одамони зиндаро ба ҷои хишту кулӯх ба девори кӯҳандез мегузоранд.
— Чунин афсонаро модар ҳам ба ман гуфтанд.
— Кошки афсона мебуд.
— Шумо инро ҳақиқат мепиндоред?
— Ин ҳақиқат аст, Камолиддин. Инро мардум бо чашми худ дидаанд.
— Агар чунин аст, бидонеду огоҳ бошед Орзу, ки рӯзе мерасад мазлумон Боязидро ё ба пояи дор ва ё зери девор кашон-кашон хоҳанд бурд. Бо дардкашон ҳар ки дарафтод, барафтод.
— Кош он рӯз зудтар мерасиду ҳамаи мардум аз зулм раҳои меёфт ва шумо ҳам аз ин гурез-гурез халос мешудед.

пешина
аз 447
навбатӣ