Зеҳн
Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа

ҚиссаТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

— Чаро ман Орзуи шумо будаам?
— Шумо умеду орзуи манед. Магар маро ёд накардед?
— Нафасе аз ёдам намерафтед, Камолиддин, — Орзу ин дафъа номи дилбохтаашро гирифт. — Ба ёди шумо мехуфтаму мехестам. Шабзиндадорӣ мекардам. Ба ситораҳо менигаристаму...
— Ман ҳам, ҷони ширин, дар ҳар ситора рӯи шумо, аз ҳар гуна гули ношукуфта бӯи шуморо медидаму мешунидам.
— Рост мегӯед?
— Қасам ба ҳусну ҷамоли шумо, ки рост.
— Боз аз ҳусну ҷамоли ман сухан сар шуд, — духтар карашмаи нозукадоёна карда, кокулеро аз кокулҳои майдаи дар тамоми тахтапушт болоиҳам мисли наволаи чавкони маҷнунбед овезонро ба даст гирифт ва ба даҳон оварда газид. — Шумо қавл дода будед, ки дигар аз ҳусни ман сухан нагӯед. Магар фаромӯш кардед?
— Ҷазои вайрон намудани қавл дар хотирам ҳаст, — гуфт ҷавон ва рӯяшро ба духтар наздик намуд. — Ана рӯи ман. Се силӣ ба ҳар рӯям мебоист занед. Лутф фармоед. Орзуям.
— Садои шаппотиро шунида мардум бедор нашаванд мегӯям, — пик-пик хандид духтар. — Ин қадар ин дафъа сафари шумо дуру дароз буд?
— На бо айби ман. Бо айби корвоне, ки дар он будам.
— Самарқанд оё шаҳри зебост?
— Магар нашунидаед, ки онро сайқали рӯи замин меноманд?
— Аз Хуҷанди мо зеботар аст?
— Ҳаргиз на, ҷонам. Хуҷандро чун тирози бемислу монандаш шумо аз ҳама ҷо зеботар мекунед. Хуҷанд маъвои дил ва орзуи ман аст.
— Мебинам, ки шартамонро фаромӯш мекунед.
— То шаппотии дигар гирам.
Ҷавонон ба лаби Сир омада нишастанд.
— Бигӯед. Камолиддин, ки Самарқанд аз шаҳри мо калон аст?
— Хеле. Агарчанде ки саропо надидаам.
— Мо духтарому занон чӣ қадар нотавону оҷизем.
— Чаро, Орзуи ман? Маҳз ба туфайли ин ки Самарқандро надидаед?

пешина
аз 447
навбатӣ