Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа
гашт. Омадам, ки як нафас хоб кунам. Агар барвақт бедор шавӣ, маро ҳам бедор мекунӣ, ки ба посбонӣ равам. Нагӯянд, ки аз аввали шаб ин ҷониб дар хонаам.
— Офтоб набаромадан пеш бедор кунам?
— Эҳтимол худам бедор шавам. Маро бедор мекунам гуфта, бедорхобӣ накаш. Дирӯзакак сиҳат ёфтӣ. — Посбон ба хонаи майда даромада рафт. Лекин як табақаи онро напӯшид. Аз байн фурсати фосилаи чегзании хурӯс гузашту духтар аз чоғаҳ бархост ва нӯг-нӯги пои луч аз паҳлу ба дами дари хона омад. Аз хона хурроки мунтазам ба гӯш мерасид. Духтар боз оҳиста ба лаби суфа омад ва ба нафасгирии холаш гӯш дод. Кафшро ба даст гирифту сар-сари воти полез роҳро миёнбур карда, ба дари боғ наздик шуда бозистод. Ҳама ҷо ором. Ҳавлангез. Ба ҷуз уллоси саге, ки аз дур шунида мешуд, ғайр аз овози чир-чирак, ки гоҳ аз ин ҷову гоҳ аз он ҷо чир-чир мекард, дигар садои ҷонзоде аз ҳеҷ тараф намеомад. Духтар чашму гӯш ба ҷониби девор меистод, ки аз қафои он дарахтони ҳоло ба ҷодару юртҳои бузург монанд намоён буданд. Ногоҳ ба гӯши духтар садое расид, ки аввал ба ҷониби суфа ба ҷоғаҳи хоби хола, баъди он ба дари хонае, ки падар даромада рафта буд, аз байни торикии шаб бо тамоми қувваи чашм нигарист. Аз он сӯй осуда гашта, боз ба девор назар меандохт. Ин дам аз байни сархор чизеро дида монд ва зуд-зуд қадам монда рафта, сари аз он ҷо баландшударо дида, пичиррос зад:
— Шумо равед, ман ҳозир, — инро гуфта бори дигар ба рӯи суфа ва дари хона нигариста, аз раҳнае ба кӯчабоғ баромад. Баромаду дар рӯ ба рӯяш касеро дид, ки аз ӯ мепурсид:
— Орзуҷон, ин қадар дер мондӣ?
— Падарам омада монданду оё шуморо надиданд?
— Надиданд. Пинҳон шудам. Ба лаби дарё мебароем.
— Лаби дарё пур-пури наззорагарон, мабодо дида монанд.
— Ман ду бор то қарибии қалъаи Темур Малик ва ин тарафаш то ӯрда рафта омадам. Аксари одамон рафтаанд. Мондагиҳо дар хоби ширин.
— Ба ман нарасед. Гуфта монам, ки даст расонед, мегурезам.
— Қавл медиҳам, ки даст нарасонам, Орзӯи ман.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор