Зеҳн
Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа

АдабиётҚиссаТаърих
Аз аввал хондан

ва сафедор девора бофта ва ба қафои он чим зер мекунанд. Бо замбар, сабату тағора, ҷуволу халта хок кашонда оварда, мерезанд. Дар ҳар фосила пирони ботадбир ҷомаҳошонро қат намуда, ба таҳти худ гузошта нишастаанд. Ба ину он маслиҳат медиҳанд ва дам ба дам ба танаи даруни об мондаи бедҳо назар медӯзанд, ки вай ба сархонаашон хеле наздик шудааст. Аз ҳавзу ҳавзча ва чуқурию нишебиҳои боғу ҳавлиҳои соҳил, алалхусус дар хамгашти дарё ба ҷониби қалъаи Темур Малик об заҳида ба захбурҳо мебарояд.

Рӯзи сеюми обхези бегоҳонӣ об хеле паст фуромад.
Кафи рӯи он дигар бисёру чиркин набуд. Мардуми лакот ва хасташудаи соҳил хотирҷамъ гашта, ба ҳавлиҳои худ рафтанд. Вале ҳар ҷо-ҳар ҷо одамонро дар лаби дарё гузоштанд, ки нахобанду ба Сир назорат кунанд ва дар сурати боз дамиданаш мардумро хабар диҳанд.
Назоратгарон ба танаҳои бед ресмон ё миёнбанди худро бастанд ва гоҳ-гоҳ омада ба об даромада, даст-дасткунон медиданд ва хотирашон осудатар мешуд, ки об торафт паст мефурояд. Яке аз наззорагарон, ки дар рӯ ба рӯи Аждаҳории кӯҳи Мевагӯл ҷомаашро кушода, сар ба кафу оринҷ ба замин ниҳода, дароз кашида буд, паи ҳам ҳамёза мекашид. Хоб ғалаба мекард. Ҳарчанд мехост онро дур кунад, наметавонист. Як дафъа ҳатто дар ғанаб хуррок кашида бедор шуду бархост ва миёнбанди аз рӯи об тахминан ним ваҷаб боло мондаашро аз банди бед кушода гирифт. Онро сахт-сахт фишурда, ҷомаро ҳам аз замин бардошт ва афшонда пӯшид. Оҳиста-оҳиста қадам монда, аз пешбанд паст фуромада, ба боғе даромад. Дар боғ дар рӯи суфа ду касе мехобид.
Наззорагар ҳарчанд қариб се шарфа қадам ниҳода меомад, як ҷоғах ҷунбид.

— Дадо?— овози духтаронае оҳиста шунида шуд.

— Ҳа, ман бачем. Орзуҷон, ту бедорӣ?— пурсид
оянда.

— Ҳамин ҳозир бедор шудам.

— Натарсидӣ?

— Не. Шуморо шинохтам.

— Хола гӯё хоб?

— Меҳмонро меҳмонкӯб карда, тоза кор фармудем.
Аз замбарбардорӣ лакот шуданд. Сахт хоб кардаанд.

— Мон, ки хобанд. Оби дарё аз аввали шаб ин тараф қариб ду ваҷаб фуромад. Иншооллоҳ акнун дамаш

пешина
аз 447
навбатӣ