Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа
Қарор карданд ва мӯҳри «партия»-ро аз онҳо каши-да гирифтанд.
Ман дар хусуси Е. А. Иваницкий материал меҷустам. Сурати ӯро дар ҳеҷ ҷо, таассуф наёфтам. Лекин аз ар-хиви партиявии Институти таърихи партия дар назди КМ ПК Тоҷикистон оид ба сарвари большевикони ав-валини Хуҷанд лутфан як ҳуҷҷати пурбаҳоеро доданд. Ин ҳуҷҷатест дар боби он ки Евгений Александрович ҷо-ну молашро ҳам фидои мардуми меҳнаткаш карда буд. Ӯ дар рӯзҳои шиддати беморӣ васият гузоштааст, ки ан-ҷоми рӯзгорашро ба фонди Совети депутатҳо гузаро-нанд. Соаташро ба яке аз ҳамкоронаш, сурати модар ва мукотиботи хонадонаш ба духтараш дода шаванд. Фа-разан, касе қарздор бошаду биёрад, нагиранд.
Ёдгории Е. А. Иваницкий дар доманаи кӯҳи Ленин-обод дар соҳили рости дарёи Сир дар хиёбоне воқеъ мебошад. Ин ёдгориест, ки ҳамеша зиёратгарон дорад. Боре баҳори барвақт ба зиёрати ӯ рафта будам. Дар пояи ёдгорӣ лолаи ҳамчун пиёла калони кӯҳсори Ленин-ободро дидам, ки дар гулдони обдор тару тоза меистод. Ин лолаи аввалини баҳорон буд, ки ман дидам.
Абдулло Раҳимбоев аз котибии Совети шаҳрӣ то раи-сии комиҷроияи марказии Советҳо, котиби КМ ПК Бу-хоро, котиби КМ Партияи Коммунистии Туркистон, раи-сии Совети комиссарони халқии РСС Тоҷикистон; Ҷӯра Зокиров чун революционер ва муборизи пойдоргардо-нии Ҳокимияти Советӣ, аз гвардиячии сурх то комис-сар, фармондеҳи қисми Армияи Сурҳу партизанҳо ва то котибии якуми комитети партиявии шаҳру райони Ху-ҷанд; Ҳайдар Усмонов аз деҳқонбачаи оддӣ то яке аз ташкилотчиёни Армияи Сурҳ дар Хуҷанд ва Тошканд — роҳи басе бошарафро тай намуданд ва ба онҳо асарҳо, рисолаву мақолаҳои бисёре бахшида шудаанд ва мар-дум ҳамеша ба некӣ ёдашон мекунанд.
XVI
Дарёи Сир дамида, сокинони соҳилро ҳоло се рӯз ин ҷониб хеле ташвиш медод. Се рӯз аст, ки хурду калон ба лаби дарё баромадаанд. Шохаи ҳамаи бедҳои лаби дарёро бурида меҳҳои қадди одам баланду ғафсро ба лаби оби каф ба лаб мекубанд. Аз шохаҳои бед

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор