Зеҳн
Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа

ҚиссаТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

мегӯяд, ки додам. Эҳтимол вай нисфи пулро нишон дода бошад. Аз хирс мӯе, гирифтан намегиред.
— Сураташ ҳам сарашро хӯраду пулаш ҳам! Боз як қабза сурати қозӣ домуллои ба гардани духтар марҷон ҳамоил карда истодаро дар рафи дӯкон чанг пахш кардааст, даркор бошад, гирифта баред.
— Чаро даркор намешудааст. Ҳам ба мо, ҳам ба таърих даркор, — хандид Ҷӯра Зокиров.
Модари Ҷӯра аз берун дарро тик-тик зада, лагандеро дароз кард, ки дар он ду чаппотии ба қавли хуҷандиён, лочура, ду сар ангур ва чанд дона қанди сафеду чойнаки чой бо пиёлаш гузошта шуда буд.
Ба муроду муддарои худ расидан — ба амал омадани Революцияи Октябрь устою шогирдонашро боз ҳам ғайратмандтар карда буд. Усто бо вуҷуди кӯҳансолӣ, беморӣ ва гаронии гӯш, ҳам сарварии большевикони Хуҷанд, ҳам вазифаи раиси совети халифаҳо, ҳам раиси комитети обу замини назди Совети депутатҳоро ба зимма гирифта буд. Ӯ писари Азизамакро ҳам, ки аз баҳри партияи эсерон гузар карда, ба наздаш омад, ба комитети обу замин қабул кард ва ба ӯ кор дод. Иваницкий аз ягон маҷлис, ки дар он ҳангом аз ҳад зиёд буд, намемонд.
— Шумо, усто, дар ҳама ҷо Хизр барин ҳозиру мушкилкушо,— мегуфт ба ӯ Абдулло Раҳимбоев,— хуб кардед, ки аз маҷлис муттаҳамҳоро берун намудед.
Евгений Александрович боре ба маҷлиси Совети депутатҳои солдатҳо ва коргарон омада, дар он ҷо чанд нафар ҳомию тарафдорони бою савдогаронро мебинад.
— Маро мебахшед, рафиқ раис,— мегӯяд ӯ.— Лутфан мегуфтед, ки ин ҷанобон кистанд ва намояндагони киҳоанд?
— Намояндагони «партияи коргарони мусулмон» шуда, ба ин ҷо омадаанд,— гуфт писхандро пинҳон карда натавониста Абдулло Раҳимбоев.
— Вале ин чапобоп, чӣ тавре ки ман медонам, на ба коргарони мусулмону ғайримусулмон ошной доранд ва на ба ягонагии манфиати онҳо. Аз шайкаи ҳимоягарони пинҳонкорианд, ки мақсадҳои ғаразнок ва шахсӣ доранду бас. Хоҳишмандам ба рӯзномаи ҳамин маҷлис масъалаи дигар — ба ин ҷо роҳ надодани ин ҷанобонро низ гузоред. Агар рухсат диҳед, ман ин тӯдаи шариатпешаро фош намоям.

пешина
аз 447
навбатӣ