Зеҳн
Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа

ТаърихАдабиётҚисса
Аз аввал хондан

ташкилотҳои камбағалонро ташкил менамуд. Чун аз паяш меафтоданд, ҳар шаб ҷои хобашро дигар мекард.

— Дар куҷо мегардед, усто, ки хавотир ҳастем,— пурсид Ҷӯра Зокиров чун шабе бевақтӣ усто ба хонааш омад.— Мегӯянд, ки дар Тошканд шӯриш бардошта, ҳукуматро Советҳо ба даст гирифтаанд.

— Лекин аксулинқилобиён ҳам пинак намераванд,— гуфт ӯ дар ҷавоб.— Большевикони Тошканд бо тавассути машинисти як паровоз ба истгоҳи роҳи оҳани Хуҷанд хабар доданд, ки генерал Коровченко ба казакҳои дар Фарғона буда амр намудааст, дар паҳш намудани шӯриш иштирок намоянд. Аз роҳиоҳанчиёни шаҳр ва Драгомирово отряди гвардияи сурх ташкил кардем, ки ягон состави роҳи оҳанро ду рӯз ин ҷониб аз Фарғона ба Тошканд рафтан нагузоштанд. Фақат имрӯз аз рӯи хоҳиши Совдепи Тошканд рафту омади поездҳоро аз нав барқарор кардем. Мебинам, ки чаро маро даъват накардед гуфта, меранҷӣ. Дар ин ҷо ҳам барои шумо кор кам нест. Дуҳокимиятиро ҳар чӣ зудтар барҳам додан лозим аст. Медонӣ, қозӣ Саидаҳмадхон ба ман чӣ ултиматум фиристодааст?

— Вай, мегӯянд, ки гучури шӯрои исломчиён аст,— гуфт Ҷӯра.— Чӣ гуна ултиматум? Оё аз хусуси сураташ не?

— Ёфтӣ, азизам. Чанд рӯз пеш дари дӯкон кушода шуда, як марди паканаи чапаннамо даромад, ки нӯги ғилофи кордаш муҳобот не, қариб ба зонуяш мерасид. «Салом господин. Ман Шодмонча мешавам. Шунида бошед даркор?» Дароед, хизмат? Шинондани шудам, қабул накард. «Ана ин ду тиллоро ҷаноби қозӣ домулло фиристоданд. Гиреду оинаи сураташону суратҳои аз вай гирифтаатонро чӣ қадар, ки бошад, ягонто намонда, ба ман диҳед. Рафту қабул накунед, ҷаноби қозӣ сахт хафа мешудаанд», гуфту банди ғилофашро ба даст гирифта монд.

— Тарсидед?— шакарханда кард Ҷӯра.

— Ба фикрам, ҳар кас ҳам ба ҷои ман мебуд, метарсид. Хонаи хилват, каллабурнамо як одам қабзаи корд дар даст меистод. Бало ба пасаш! Пулашонро ба худашон бурда диҳед, аз ман салому паём гуфтаму негативи суратҳоро гирифта рафт. Пулро хурсандона ба кисааш андохт.

— Оҳ устои! Пулро чаро нагирифтед? Ба қозӣ рафта

пешина
аз 447
навбатӣ