Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа
таоло мо мусулмононро муттаҳиду муттафиқ ва обрӯманди ин дунё ва охират гардонад.
Хуҷанд шӯрои исломиясӣ...»
— Душмани хатарнок! — манахро хорид Е. Иваницкий.— Устоқорона дунёю охират гӯён динро ба кор медароранд, ки мусулмононро боз фиребанд.
— Дар маҳаллаи Тағи сарв онҳо меҳмонхонаеро ба лонаашон табдил дода, дар болои дарвозаи он лавҳаи калони «Шӯрои ислом»-ро овехтаанд. Худам ба чашмам дидам, — гуфт Абдуқодир.
— Ба мардум кӣ будани он махлуқонро фаҳмондан ва лавҳаашонро гирифта партофта, дайюсҳоро зада, аз он ҷо пеш кардан лозим аст, — гуфт Абдулло Раҳимбоев, ки ба мардикорони баргашта ҳамроҳ шуда буд.— Инро ба ману Зокиров фармоед. Як митинг мегузаронему мефаҳмонем. Худи одамон онҳоро якмуштӣ мекунанд.
— Ин чандон осон нест, — огоҳ намуд Иваницкий.— Пеш аз ҳамон митинг ҳам одамони гапфаҳмро ба атрофи худ бояд ҷамъ кунед, ки дар он ҷо ба шумо ҳавохоҳӣ ва мададгорӣ кунанд. Онҳо хеле касонро гумроҳ кардаанд. Барои ин ҳам мо бояд аввал ташкилот, штаби раҳнамои худро дошта бошем.
Хеле маслиҳат карданд ва ба кори амалӣ гузаштанд.
Баъди чанд рӯз дар маҳаллаи Миръяқуби шаҳри Хуҷанд дар ҳавлии Ҳайдар Усмонов ҷамъ омада, гурӯҳи большевикони шаҳр ва дар маҳаллаи Тӯбахони қитъаи Раззок дар хонаи Раҳимбердӣ Эгамбердиев нахустин Совети депутатҳои коргарон, солдатҳо ва деҳқононро ташкил карданд. Қотиби Совет ва ба қавли ҳама қарорнависи ҳунарманд Абдулло Раҳимбоев дар болои дарвозаи ҳавлӣ лавҳае овехт, ки дар он «Ранҷбарони тамоми дунё, муттаҳид шавед!» навишта шуда буд.
Ба тани лоғари Евгений Александрович бо омадани шогирдонаш гӯё рӯҳи нав дамид. Чанд рӯз столи қабули большевикон низ ба назди дари шарқии ӯрда гузошта мешуд, ки дар паси он бо навбат Иваницкию Зокиров, Тихонову Раҳимбердӣ, Румянцев ва Ҳайдар Усмонов ва дигарон менишастанд. Иваницкий баъди ин барои ба қиёми нав муттаҳид намудани ангиштканони Шӯробу конҳои Сулукта, конҳои нефти Санто, истгоҳҳои роҳи оҳани Хуҷанд, Нов, Драгомирово, Ховос ва Мельниково мерафт. Аз деҳа ба деҳа, аз деҳқада ба деҳқада гашта,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор