Зеҳн
Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа

АдабиётҚиссаТаърих
Аз аввал хондан

— одамони бообрӯ? — пурсид ӯ. «Агар ту ин муфтхӯронро одамони бообрӯ пиндорӣ, хато мекунӣ, бародарам» гуфтам. «Мебинем, агар гапи шумо дуруст барояд, аз баҳраш даррав мегузарам, амак. Худи шумо дар кадом партия?» пурсид. Ман-ку дар ҳеҷ кадомаш нестам, гуфтам аз рӯи эҳтиёт. Лекин, агар медаромадам, ба партияи коммунистон медаромадам. Вай партияи Ленин аст. Фаҳмидӣ? Ленин. Ман дар ваҷоҳати Абдураҳим аломати пушаймониро дидам. Ҳар қадар зудтар аз ин роҳ баргардӣ, ҳамон қадар хуб мешавад, гуфтам. Ба хаёл фурӯ рафт, «набошад ҳозир мераваму аз рӯихат номамро кӯр мекунонам» — гуфт ӯ.

— Модом ки эсерҳо ин тавр карда истода бошанд, чаро мо ҳам ба партиямон одамони муносибро қабул накунем? — Маслиҳат дод Ҷӯра.

— Дуруст мегӯӣ. Лекин аз ҳар тарафи шаҳр одамҳое бошанд, ки ҳар каси омадаро шиносанд. Донанд. Сафи худро наолонем. Медонед, азионам, Ленин чӣ мефармояд? Кам бошаду хуб бошад. Ана ба ҳамин бояд амал кунем. Баъд оё шунидаед, ки «Шӯрои ислом» ва «Уламо»-чиён ба ҳар тараф мурғи посӯхта барин тохта, халкро гумроҳ карда истодаанд? — гуфт Иваницкий.

— Эй қариб аз ёдам баромадааст, — аз киса эълонномаи нимгазасро баровард Ҷӯра Зокиров. — Эълонномаашон ба дастам афтиду ба шумо хонда доданӣ будам. Гӯш кунед. «Эй мусулмонон, огоҳ бошед ва аз хоби ғафлат бедор шавед, ки ҳукумати нав барпо гардид ва ба ҷамеи халоиқ ҳуррияту озодӣ дода шуд. Акнун мо, мусулмонон ин замони пуркимати ҳурриятро ғанимат дониста, нифоқ ва ҳасад ва адоват ва ғаразҳои шахсиро ба куллӣ аз дил берун намуда, муттафиқ шавем ва ба ҳукумати нави ҳурриятпарвар ионаву мадад кунем».

— Ҳам ганҷ ба даст ояду ҳам ёр наранҷад, — хандаи стезаомезе кард Абдулло Раҳимбоев, — Баттолҳо ҳам бою камбагалро ба муросо оварданӣ ва ҳам ба ҳукумат хушомад зада ҳисоби мансабу амали навро ёфтанӣ...

— Исто, ки ин айёрони ҳурриятхоҳ эълонашонро дар куҷо чоп кунондаанд?— пурсид Е. Иваницкий.— Дар матбааи назди маҳкамаи генерал-губернатории Туркистон? Корчаллонҳо бало! Баъд чӣ навиштаанд?

— Гапи бисёри авомфиребонаю охираш ин:— анҷоми эълонро хонд Зокиров.— «Дуо мекунем, ки худованди

пешина
аз 447
навбатӣ