Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа
— Алихӯҷа рафта, Хӯҷаалӣ омад. Ҷои як золимро ҷаллоди дигар гирифт, — гуфт Ҳайдар Усмонов. — Моро чӣ аз ин суд, ки гав омаду хар рафт? Ҳамин буд магар орзую умеди мо?
— Барои дамидани субҳи ҳақиқии озодӣ ҳукумати муваққатиро вожгун намудан лозим аст, вагарна...
— Дег аз кӣ у поя аз кӣ у дарди сари кӣ? — мақоли дигареро гуфт Зокиров чун давоми сухани усто. — Албатта, мо дар зери дарахти тут даҳон кушода намехобем, ки тут афтаду ба даҳонамон дарояд.
— Не. Билотаъхир ба мубориза бояд бархезем. Барои ин ташкилот лозим аст. Ташкилоти коммунистон ва Совети депутатҳо, — гуфт Иваницкий. — Эсерони чап он қадар ба таку дав омаданд, ки ҳайрон мемонед. Дирӯз онҳо ба дари ӯрда столу устул бароварда, саҳл монда буд, карнай кашида, одам ҷамъ ва ба партияашон қабул кунанд. Бинам, Богданик ҳам дар он ҷо гаштааст. Оё дар хотиратон ҳаст, ки гуфта будам, вай маҷаллаи «Красное солнышко»-ро бароварда буду вакили шахсии судьяи Самарқанд? Хӯш ҷаноб, шумо дар атрофи ин масхарабозон чӣ мекунед? Ман ҳам инқилобчӣ ҳастаму ин партия ҳам инқилобӣ гуфт. Чӣ гуна инқилобӣ? Агар инқилобчии буржуазӣ гӯед, гапи дигар. Вале ярлики инқилобчии ҳақиқиро ба ин мардум, ки аксулинқилобчианд, ширеш кунед ҳам намечаспад. Ба андеша афтод, шарм карду рафт. Аттору баққол, бою савдогарон чунон тохта омада, ба рӯйхати вай номи худро менависонданд, ки гӯё аз банк ба онҳо қарзи дарозмуддати бесуд медиҳанд. Дар байни онҳо одамоне ҳам буданд, ки кӣ у чӣ будани эсер ва партияи вайро надониста, тела-тела карда ба издиҳом даромада, номашонро менависонданд. Аз кӯчаи Миршабхона Раҳимбой ном ҷавонеро медонам. Писари одами бечора.
— Баногоҳ писари Азизамак набудаст? — пурсид Абдуқодир Раҳимбоев.
— Наход вай ҳам худро ба рӯйхат гиронд?
— Гуфтанд, ки гиронд, — бо таассуф сар ҷунбонд Иваницкий. — Арақ карда аз байни одамон баромаду ба ман салом дод. «Ту ҳам ба ҳамин партия дохил шудӣ?» — пурсидам. Нағз кардаам, ё не, мепурсид вай. «Медонӣ эсерон чӣ гуна партия? Партияи хоинони революция. Мунофиқону муртадон». Наход? Ин хел бошад, чаро ҳама ба ин партия даромада истодаанд? Ҳамаи

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор