Зеҳн
Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа

ҚиссаТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

монед, большевиконро меёбед, ба зери болашон даромада мегиред. Шумо лоиқу муносиби сафи мо ҳастед. Ба партия дохил мешавед ва чунон ки мегӯянд, худо расонад, ҳар кадом як тӯдакаш шуда бармегардед.
— Агар қабул кунанд, ҷон мегӯем, — гуфт Ҷӯра.
— Ту чӣ? — пурсид усто аз Абдуқодир.
— Ман ҳам медаромадам.
— Ман ҳам, — гуфт Ҳайдар.
— Аммо агар шумо ба номи онҳо ягон шуққа хат навишта, кӣ будани моро мегуфтед... — суханро нотамом гузошта, дар торикӣ ба рӯи усто назар дӯхт Ҷӯра.
— Ман таваккалан як қабза тавсия навиштам. Аммо гуфта монам, ки агар аз кадоме шумо онро ёбанд, вой бар ҳолаш. Рафту эҳтиёт карда метавонем, гӯед...
— Метавонем, — гуфтанд ҳама баробар.
— Ҷомаҳои шумо барои пинҳон намудани чунин коғаз басе соз аст. Байни лагандаҳо, магзи пахта мегузоред, ғиҷим карда мемонеду тамом. Коғаз тунук, тоб медиҳаму ана ин тавр найча сохта, — Иваницкий аз бағал коғазеро бароварда печонд ва чун пилтаи байни лагандачоки тӯппӣ, борик карда аввал ба ҷомаи Ҷӯра гузаронд. — Шумо ҳам ҳамин тавр мекунед.
Пешгӯии усто ин дафъа ҳам пайгамбарона буд. Мардикорон аз ақибгоҳи фронт ба зодгоҳашон пурдидаю пурдон шуда омаданд. Ҷӯра Зокиров, ки ба заводи Грязи шаҳри Бердянск афтода, мактаби инқилобиро хатм намуда, дар байни коргарони рус ва мардикорони Туркистон лақаби партиявии «Жора» дошт, супоришҳои хеле душворро ба ҷо меовард. Ӯ чун революционер шинохта шуд ва комитети шаҳрии РСДРП ӯро ба рӯихати аъзоёни партия дохил кард. Дигарон низ ҳар кадом як тӯдакаш, як раҳбари ӯҳдабаро шуда буданд, ки аз паси худ садҳо ташнагони озодӣ, ҷӯяндагони ҳақиқат ва муштоқони саодатмандиро пеш бурда метавонистанд.
Худи рӯзи дуюми бозгашт аз мардикорӣ шогирдон ба зиёрати усто омаданд. Ҳама ботаассуф медиданд, ки таъқибу таҳқирҳо ва беморӣ китфи қоқи ӯро бештар ҳамонда, ранги рӯяшро зиёдтар паррондаанд. Рубаҳи ба ҳабс кардани ӯ фурсат наёфта аз мансаб дур шуда, вайро кам азоб надода буд. Вале чашмони сиёҳтоби усто барқ мепошиданд. Ӯ шогирдонашро дида шод мешуд. Онҳо яке дар харак, дигаре — чорпоя, сеюме сандалича, чоруме чизе наёфта, дар остонаи тиреза нишастанд.

пешина
аз 447
навбатӣ