Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа
Гирдоби сафарбаркунӣ шуморо ҳам ба қаҳри худ мекашад.
— Мардум ба мардикорӣ наравад чӣ?— пурсид Ҷӯра.
— Ба зӯрӣ мебаранд.
— Агар аз як гиребон сар бароранду мардикор намедиҳем, гуфта шинанд чӣ?— пурсид Раҳимбердӣ.
— Шояд чашми амалдоронро як қадар тарсонанд,— гуфт усто.— Вале аз ин ҳосил шудани муроде гумон.
Усто бархост, қомати борику баланди ӯ бо шифти дӯконхонае, ки гоҳе ҷои истиқоматаш ҳам буд, қариб ки расид. Ранги паридаи ӯ ҳоло аз шӯълаи чароғ як қадар сурх метофт. Ӯ риши танҳо дар манаҳ кӯтоҳакак гузошташударо молида, даст ба китфи Ҷӯра гузошт.
— Бигузор мардум бархезанд. Ин мадади мардуми Россия мегардад, ки ба шӯр омадаанд. Шуморо хеле боздоштам... Садои давли миршабро мешунавед?
Шогирдон фақат акнун дум-думи давлро шуниданд, ки миршабҳо аз соатҳои ёздаҳи шаб сар карда, дар кӯчаҳои шаҳр зада мегаштанд. Вале шабе набуд, ки хонаи ин ё он касро дуздон ғорат накунанд. Мегуфтанд, ки куҷо садои давл барояд, донед, ки дузд ҳам аз онҷост.
Дузд-дуздро дар шаби торик ёфтааст.
Хуҷандиёни аз ҷанг, аз қиматию қаҳтӣ, зулму тааддӣ ба ҷономадаро мардикоргирӣ баҳона шуду ба шӯриш омаданд. Аз шогирдони ба шӯриш ва қиём фаъолона иштирок намудаи Иваницкий — Ҷӯра Зокиров ва Ҳайдар Усмонов ба даст афтода, калтак хӯрда, забонхати ризоӣ ба мардикорравӣ дода, халос ва баъди се рӯз бо гурӯҳи аввалини мардикорони Хуҷанд ба Россия фиристода шуданд. Барои хайрбоду фотиҳагирӣ Ҷӯраю Абдуқодир, Раҳимбердӣ ва Ҳайдар на ба хонаи Иваницкий, балки ба лаби дарё омаданд. Усто моҳигирӣ баҳона, шаст дар обу чашм дар роҳ менишаст.
— Ин ҷоямон намешавад,— пичиррос зад ӯ.— Як бӯгир навакак гузашта рафт. Дар рӯ ба рӯи беморхона ба лаби дарё фароед, ман расида меравам.
Дар ҷои хилват пои мардум канда шуда буд.
— Аз як ҷиҳат, азизонам, ман ба сафарбар шудани шумоён зимнан хурсанд,— оҳе кашид усто,— шуморо ба фабрикаю заводҳои калон мебаранд, ки коргаронашон аксар ба фронт рафтаанд, ҳалок шудаанд ё маҷрӯҳ шуда баргаштаанд. Бо андешаам, корхонае ки ҳоло ташкилоти большевиконро надошта бошад, нест. Шумо зеҳн

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор